Раҳматулло Зоиров хостори афв ва озодии Шуҳрат Қудратов шуд

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бо нашри як муроҷиатнома ба унвони додситони кулли Тоҷикистон, хостори афви Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдон ва вакили дифоъи зиндонӣ шуд.

Дар Тоҷикистон ҳич озоди ва амнияти вуҷуд надорад, режими Раҳмон бо баҳонаҳои мухталиф мухолифон ва мунтақидонашро озор дода ва зиндонӣ мекунад. Аз ҷумла Шуҳрат Қудратов ҳуқуқдони машҳури ва вакили дифои Зайди Саид, ки гирифтори тавтиаҳои режими Раҳмон шуда ва дар зиндон басар мебарад.Ба гузориши хабаргузории  Восток-Нюз, ба нақл аз хабаргузории Озодагон, Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва вакили дифои Шуҳрат Қудратов ҳуқуқдони зиндонӣ  бо нашри як муроҷиатнома ба унвони Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хостааст, ки меъёрҳои қонун “Дар бораи афв” нисбат ба зерҳимояш татбиқ гардад ва ӯ озод карда шавад. Раҳматулло Зоиров ин муроҷиатномаи худро 20-уми январ, дар рӯзи 40-солагии Шуҳрат Қудратов нашр карда, таъкид намудааст, ки меъёрҳои қонуни афв дар баробари зерҳимояаш ғайриқонунӣ татбиқ нашудаанд.Раиси ҲСДТ дар ин муроҷиатномаи худ иддао кардааст, ки татбиқ нашудани қонуни афв нисбат ба Шуҳрат Қудратов асоси ҳуқуқӣ надорад. Ба гуфтаи Зоиров татбиқ накардани меъёрҳои қонуни афв нисбати Қудратов ба бархӯрди субъективию сиёсии шахсони мансабдоре рабт дорад, ки салоҳияти табиқи қонуни мазукурро доштанд: “Ман бори дигар тамоми меъёрҳои қонуни афвро таҳлил кардам ва бори дигар мутмаин шудам, ки Шуҳрат Қудратов ба ду асос метавонист таҳти ин қонун қарор бигирад ва татбиқ накардани ин меъёрҳо ба далоили субъективӣ дар худии худ ҷинояти мансабӣ аст”.Ҳамчунин дар ин муроҷиатномаи худ Зоиров изҳор доштааст, ки маҳкум кардани Шуҳрат Қудратов бар асоси моддаи 320, яъне талош барои додани пора, беасос ва ғайриқонунӣ буд.Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раиси ҲСДТ моҳи январи соли 2015 бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) барои 9 сол равонаи зиндон шуд. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон 3 март ҳукми зиндони ӯро аз рӯи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ лағв ва аз рӯи ин модда 87 ҳазору 600 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст. Моҳи марти 2015 аз ҳукми зиндони Қудратов 3 солу 8 моҳ боқӣ монда буд. Хабарнигори Востокнюз:  Музаффари Раҷаб

general.images