Раъйи «На!»-ро бояд дод

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигор ва таҳлилгари умури сиёсӣ, дар сафҳаи Фесбуки худ, дар мавриди ҳамапурсии фардо, матлаберо навиштааст, ки барои хонандагони пойгоҳ дар зайл дарҷ менамоем:

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигор ва таҳлилгари умури сиёсӣ, дар сафҳаи Фесбуки худ, дар мавриди ҳамапурсии фардо, матлаберо навиштааст, ки барои хонандагони пойгоҳ дар зайл дарҷ менамоем: “Ҳузури мову шумо дар ҳамапурсӣ натиҷаи маълуми онро тағйир нахоҳад дод. Бо ин ҳақиқат, гӯӣ на танҳо тоҷикон, ки тамоми ҷаҳониён ҳам хӯ гирифтаанд.Аммо ҳеч чизе беасар намемонад. Дастикам раъйи «На!»-ро бояд дод, то тақаллубкорони болонишин бидонанд, ки шумори зиёде дар ниҳояти ноумедӣ аз тағйиру таҳаввуле ҳамчунон ёрои «На!» гуфтан доранд; то дарёбанд, ки чи ғалате мекунанд.Ин ҳамапурсӣ чи таҳрим шаваду чи на, расман 90 дарсади мардум дар он «ширкат хоҳанд кард» ва ҳудуди 90 дарсад ҳам аз пешниҳодҳои муҷримона ва табаҳкорона дар Қонуни Асосӣ «ҳимоят хоҳанд кард.»Аммо раъйи «На!»-ро бояд дод, ҳатто агар нодида гирифта шавад. Чун баростӣ, ҳеч чизе беасар нест”.

general.images