Расул Боқиев: омодаам паҳлавонони тоҷикро дар Маскав машқ диҳам

Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик, дзюдочии шинохта ва қаҳрамони воқеъист. Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 2008. Чандин дафъа соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардида, барандаи унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи куштист. Sputnik Тоҷикистон маълум кард, ки чӣ гуна варзишгари тоҷик тавонист дар Маскав мактаби варзишиашро ифтитоҳ кунад.

Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик, дзюдочии шинохта ва қаҳрамони воқеъист. Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 2008. Чандин дафъа соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардида, барандаи унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи куштист. Sputnik Тоҷикистон маълум кард, ки чӣ гуна варзишгари тоҷик тавонист дар Маскав мактаби варзишиашро ифтитоҳ кунад.Шаҳраки Олимпӣ (Олимпийская деревня)- ноҳияест дар Маскав. Садҳо биноҳои баландошёна, даҳҳо марказҳои савдо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо дар ин минтақа ҷой гирифтаанд. Дар қатори онҳо маҷмааи варзишӣ, ки ҳанӯз аз давраҳои Бозиҳои Олимпии соли 1980 машҳур аст, қомат афрохтааст. Волидайн фарзандони худ- қаҳрамонони ояндаро ба ин ҷо барои тамрин меоранд.— Шумо метавонед ба мо бигӯед, ки мактаби дзюдои Расул Боқиев дар куҷо аст, суол кардем аз маъмур.— Ана бачаҳо ба назди ӯ ба тамрин мераванд, аз пушти онҳо онҳо равед.Чуноне маълум шуд, инҳо дермондаҳо буданд. Тамрин аллакай шурӯъ шуда буд. Расул Боқиев дастур медод, ки чӣ гуна машқҳоро бояд анҷом дод. Кӯдакон гӯш мекараданд, маълум буд, ки ҳама ҳаракатҳои варзишӣ  ба онҳо писанд аст. Ба пеш, ба ақиб, "давр занед", давед…

general.images