Рамазон Раҳим! Ин ҳама бедодӣ нисбати мардум чаро?

Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидова дар саҳифаи фейсбукии худ номае бо забони русӣ ба вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов, дар мавриди ҳ

Ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидова дар саҳифаи фейсбукии худ номае бо забони русӣ ба вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов, дар мавриди ҳабси нафаре, ки боздошти занони муҳаҷҷабаро наворбардорӣ кардааст ва инак ӯро ба барангехтани кинаву адовати миллӣ муттаҳам мекунанд, нашр намудааст, ки тарҷумаи онро барои хонандагони Паём.нет пешкаш мекунем.“Ҷаноби Рамазон Раҳим! Ман мутмаинам, ки Шумо он навореро, ки аз боздошти занони ҳиҷобпӯш дар шаҳри Исфара тавассути кормандонатон ҳикоят мекунад, борҳо тамошо кардаед. Шумо борҳо ба рӯзноманигорон ва дар нишастҳои матбуотӣ таъкид кардед, ки кормандонатон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд ва далелҳои маҳдудсозии ҳуқуқҳои динии одамонро инкор намудед. Яъне ҳамкорони шумо мардони ришдор ва занони муҳаҷҷабаро ба идораи пулис набурдаанд. Ҳарчанд садҳо далели ин ки ҳамкорони шумо идораи пулисро ба сартарошхона табдил додаанд, дар сомонаҳои интернетӣ мавҷуд аст. Ман ба ВКД, чун ба яке аз ниҳодҳои калидии ҳукумат, эҳтиром қоилам. Ва дарк мекунам, ки кор кардан дар ин ниҳад ва милиса будан кори саҳле нест. Ва ҷамъият ба ин ниҳод ниёз дорад, чун ҳимояи он таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба дӯши милиса аст. Аммо мутаассифона, чӣ гунае, ки худи Шумо тасдиқ кардаед, дар ВКД шахсони тасодуфӣ кам нестанд. Ин навор гувоҳи дурӯғ будани корҳои фаҳмондадиҳӣ буда, онро инкор мекунад. Аммо асли мақсад дигар аст. Нафаре, ки шикори занони ҳиҷобпӯшро наворбардорӣ кардааст, айни ҳол боздошт шудааст. Ва бо супориши шумо. Ҳадди ақал аз суханони ҳамкоронатон чунин бармеояд. Аввал протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд, сипас баъди 7 шабонарӯз, ки мӯҳлати боздошти маъмурӣ тамом шуд, ӯ ба ҷинояткор табдил ёфт. Ман мефаҳмам, шумо хоҳед гуфт, ки ҳукми боздоштро додгоҳ содир кардааст. Бале, дуруст аст. Аммо чӣ бочд кард, ки дар ин кишвар додгоҳ ва додситонӣ ба ВКД итоат мекунанд? Додгоҳ қалбакист, протокол сохташуда аст, додситон бо шумо маслиҳат мекунад, ки чӣ ҳукм содир кунад. Нисбати наворбардор парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 189-и КҶ ҶТ - барангехтани кинаву адовати миллӣ парванда боз шудааст. Ман аблаҳ хоҳам буд, агар дар гуфтаҳои ӯ барангехтани кинаву адоват мавҷуд аст. Агар воқеъан шумо амри боздошти ӯро додаед, чӣ гуна ин рӯзҳо хобатон мебарад? Пешниҳод мекунам бори дигар он наворро тамошо кунед. Шояд ҳанӯз ҳама чиз аз даст нарафтааст? Ин ҳама бедодӣ нисбати мардум чаро?” ,

general.images