Раиси CIA: Бештар бо Эрону Русия кор дорем!

Раиси созмони Иттилооти Марказии Амрико гуфта ин созмон дар соли гузашта бештари манобеъи худро ба самти “сарсахттарин душманони Амрико” яъне Эрону Русия савқ додааст.

Ҷина Ҳаспел, раиси созмони Иттилооти Марказии Амрико (CIA) дар як суханронӣ дар ҷамъи донишҷӯёни донишгоҳи Оберн гуфта, ки CIA дар як соли гузашта тамаркузи манобеъи молиашро ба самти муқобила бо Эрон ва Русия гусел доштааст. Ҳаспел тасреҳ кард, ки созмонаш дар солҳои баъд аз ҳодисаи 11-уми сентябри соли 2001 манобеъашро бештар ба ончӣ ба гуфтаи вай “мубориза бо терроризм” аст ихтисос дода ва аз кишварҳое монанди Эрон ва Русия, ғофил монда буд. Вай бо баёни ин ки CIA дар соли гузашта замон, пул ва халлоқияти бештареро барои мубориза бо бархе аз “сарсахттарин душманон”-и Амрико ба кор гирифта афзуд: “Баъд аз солҳо тамаркузи шадид ва муваҷҷаҳ бар рӯи мубориза бо терроризм ва ғофил мондан аз Эрон ва Русия манобеъи бештареро ба (муқобила бо) онҳо ихтисос додаем.” Ҳаспел бо тарҳи ин иддао, ки CIA таҳдидҳои ношӣ аз гурӯҳҳое мисли ДИИШ ва Ал-қоидаро ба контрол дароварда дорад гуфт: “Аммо мо акнун дорем тамаркуз ва манобеъамонро рӯи душманоне, ки миллат-давлат ҳастанд, афзоиш медиҳем.” Расонаҳои амрикоӣ чанде пеш гузориш дода буданд Доналд Трамп, президенти ИМА хостори афзоиши будҷети барномаҳои ҷосусии давлати худ шуда ва наздик ба 86 миллиард доллар барои ниҳодҳои иттилоотӣ мутолиба кардааст. Хадамоти махсуси Амрико дар гузоришҳои арзёбии вазъияти худ аз Эрон ва Русия дар канори Кореи Шимолӣ, Чин ва гурӯҳҳои террористӣ ба унвони панҷ чолиши пеши рӯи давлати ИМА ном мебаранд.

general.images