Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои саломатии Навози Шариф дуо кард

Ба гузориши дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта шудааст, “аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам”.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоми 30-май, дар робита ба беморӣ ва ҷароҳии қалби Навоз Шариф, сарвазири Покистон ба ӯ барқия ирсол намуда, барояш шифои комил хостааст. Ба гузориши дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар номаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта шудааст, “аз хабари бемории Шумо ва амали ҷарроҳии қалб, ки бояд анҷом диҳед, бисёр мутаассир шудам”. Дар идомаи барқияи Президент омадааст: “Аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, бародари гиромӣ, шифои комил хоҳонам. Умедворам, ки аз бистари беморӣ ба ҳаёти рӯзмарраи худ ҳарчӣ зудтар қадам ниҳода, фаъолияти сермасъули хешро баҳри рушду шукуфоии беш аз пеши кишвари дӯсти Покистон бо нерӯи тоза идома хоҳед дод”. 

general.images