Раиси Кумитаи телевизион: Э. Раҳмон муқаддас аст, дар борааш филми бадеӣ месозем

Раиси Кумитаи телевизион иттилоъ дод, ки ин Кумита ният дорад дар бораи Эмомалӣ Раҳмон низ филми бадеӣ бисозад.

Мақомоти Тоҷикистон, афроди бесавод ва дур аз тафаккуру мафкура ҳастанд ва ҳеҷ вақт халлоқияте аз худ нишон намедиҳанд ва ҳамеша тақлидкор ҳастанд, ба хусус раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, Маҳмадсаид Шоҳиён. Агар барномари ахборро нигоҳ карда бошед, ҳамеша аз саҳнаи барномаи “Вести”-и Русия тақлид мекунад ва айнан саҳнаи вестии Русияро дар саҳнаи барномаи ахбори Тоҷикистон тақлидкорӣ мекунад. Шоҳиён на танҳо бар тақлид аз саҳнаи вести иктифо намекунад, балки ҳатто барномаҳои Русияро айнан тарҷума карда, дар Тоҷикистон нишон медиҳанд; яъне аз худашон ҳеҷ ибтикору халлоқияте надоранд ва фақат бояд тақлид кунанд. Сохтани филм дар бораи Э. Раҳмон, ки Шоҳиён онро пешниҳод кардааст чанд сабаб дорад. Сабаби аввал инки М. Шоҳиён вазифаи болотар мехоҳад, ба ҳамин хотир чоплусӣ (почахорӣ) карда, Э. Раҳмонро муқаддас муаррифӣ карда, филми бадеӣ пешниҳод додааст, то вазифаи калонтар насибаш шавад. Сабаби дувуми ин масъала ҳамон масъалаи тақлид аст, ки М. Шоҳиён филмеро дар бораи Нурсултон Назарбоев таҳти унвони “Небо моего детства”-ро тамошо кардааст, ки маъқулаш шуда, ба ҳамин хотир пешниҳоди сохтани филми бадеӣ додааст. Барои сохтани ин филм низ Шоҳиён замонат додааст, ки спонсор низ ҳаст; яъне аз буҷаи давлат барои Э. Раҳмон, пул ҷудо шуда, миллиардҳо сомон агар ниёз шавад, давлат онро таъмин мекунад; чун Э. Раҳмон ташнаи серобнашавандаи қудрату шуҳрат аст, ҳарчӣ машҳуртару қудратмандтар шавад ташнагиаш бештар мешавад. Аз ҳамин сабаб, филме ки дар бораи худаш сохта шавад, лозим шавад, миллиардҳо сомонӣ харҷ мекунад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, раиси Кумитаи телевизион, Маҳмадсаид Шоҳиён иттилоъ дод, ки як филми бадеӣ дар бораи Нурсултон Назарбоев зери унвони “Небо моего детства”-ро тамошо кардааст, ки хеле хуб буд ва Кумита ният дорад дар бораи Эмомалӣ Раҳмон низ филми бадеиро офарад: “Ҳозир як чанд пешниҳодҳо ҳастанд, дар сурати пешниҳоди сенарияи хуб мо ин корро амалӣ мекунем ва барои таҳияи филми бадеӣ дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон иқтидори техникию молиявӣ фароҳам аст, танҳо бояд ҷанбаи бақуввати эҷодӣ таъмин шавад: “Ҳатто спонсор ҳам дорем, мехоҳанд ин филмро сармоягузорӣ кунанд. Мо инро амалӣ месозем”.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images