Раиси Кумитаи зидди фасоди Қирғизистон истеъфо дод

Раиси Кумитаи мубориза бо фасоди Қирғизистон пас аз интиқоди шадиди президенти ин кишвар истеъфо дод.

Имрӯз, Сооронбай Жээнбеков, президенти Қирғизистон дархости истеъфои Дуйшенбек Чоткораев, раиси Кумитаи мубориза бо фасодро қабул кард.Раиси Кумитаи давлатии зидди фасод, пас аз интиқоди президент истеъфо дод, ки дар таърихи 8-уми февали соли равон дар нишасти Шӯрои амният, масоили мубориза бо фасод дар системаи судӣ, амниятӣ ва ғайра, Жээнбеков, фаъолияти Кумитаи амнияти миллиро мавриди интиқоди шадид қарор дод.Жээнбеков дар ин нишаст бо ишора ба ин ки теъдоди зиёди ришвахорон танбеҳ нашудаанд, тасреҳ кард: "Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон тайи ду соли охир ҳудуди 2 ҳазор парвандаи ҷиноиро роҳандозӣ кард ва танҳо 29 дарсади он ба суд кашида шуд ва ришвахорони зиёде бегуноҳ эълом шуданд."Президенти Қирғизистон бо ишора ба фаъолияти бенатиҷаи Кумитаи мубориза бо фасод изҳор дошт: "Ин ниҳод барои мубориза бо фасод дар сатҳҳои баландпоя сохта шуда аммо мебеним бархе мақомоти ин кумита ба гурӯҳи ғайри қобили дастарасӣ ва боздошт табдил шуданд."Жээнбеков идома дод: "Бо таваҷҷӯҳ ба имконоти техникии калони ин кумита бояд гуфт, ки кайфияти фаъолияти ин кумита хеле кам аст."Вай дар поён изҳор дошт: "Бояд формати фаъолияти ин ниҳод тағйир ёбад ва раисони бахшҳои мухталифи он тағйир кунанд."

general.images