Раиси Кумитаи занон: Фоҳиша зиёду фоҳишахона кам шудаст

Идигул Қосимзода, раиси навтаъини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар теъдоди фоҳишаҳо зиёду шумораи фоҳишахонаҳо кам шудааст.

Идигул Қосимзода, раиси навтаъини Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар теъдоди фоҳишаҳо зиёду шумораи фоҳишахонаҳо кам шудааст. Қосимзода имрӯз, 2 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли 2015 дар Тоҷикистон 157 адад фоҳишахона сабт шудаанд, ки нисбати соли пешӣ 37 адад кам мебошад. Ба гуфтаи раиси Кумитаи занон соли гузашта дар кишвар 1066 фоҳиша сабт шудаанд, ки нисбати соли гпешӣ 414 нафар зиёд мебошад.Гузориши Кумитаи занон аз афзоиши теъдоди фоҳишаҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2015 дар кишвар 852 ҳолати фоҳишагӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 161 адад кам мебошад. Тибқи итттилои ин ниҳод тайи соли 2015 инчунин 219 ҳолати даллагӣ ё занҷаллобӣ сабт шудаанд. Вазорати умури дохилӣ изҳори нигаронӣ мекунад, ки бархе аз танфурӯшҳо мубталои бемориҳои сироятӣ буда, ин бемориҳоро байни мизоҷонашон паҳн мекунанд. Мақомоти умури дохилӣ аз ҷумла аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 3 зани танфурӯш хабар доданд, ки мубталои касалиҳои сирояткунанда буда, дар паҳн намудани ин маризиҳо даст доштаанд. Тибқи меъёри нави қонунгузорӣ, ки моҳи октябри солои 2015 қабул шуд, агар фоҳиша бори аввал боздошт шавад, аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400-800 сомонӣ) ҷарима мешавад: “Агар ин нафар бори дуюм давоми як сол барои фоҳишагӣ боздошт гардад, нисбати ӯ ҷарима аз 20 то 40 нишондиҳанда (800-1600 сомонӣ) ё ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз татбиқ хоҳад шуд”. 

general.images