Радио Озодӣ ба нақл аз ИМА : Ҳукумати Тоҷикистон “заиф ва бисёр фосид” аст

Эмомалӣ Раҳмон, 27 сол аст, ки бар сари мардуми тоҷик ҳукмронӣ дорад ва дар ин 27 сол сахттарин ва тоқатфарсотарин рӯзгорро насиби аҳолии Тоҷикистон кардааст. Аҳолии Тоҷикистон аз рангу рӯи Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи шикамчарони сернашавандааш безор шудаанд.

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати заиф ва бисёр фосид аст. Заиф аст; чун ҳамаи мардон ва ҷанговарони рӯзгор – монанди Мирзо Ҷага- ро аз байн бурд ва дигар ҳеҷ марде дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон – аз худи Э.Раҳмон гирифта, то С.Ятим, Р.Раҳим ва дигар вазирону низомиён- ки битавонад аз марзу буми Тоҷикистон дифоъ кунад надорад, аз ҳамин сабаб заминро ба Чин, Қирғизистон ва Узбакистон таслим мекунад.

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бисёр фосид аст, чун; гадоёну чашмгуруснагону бесаводон бар сари ҳукумат омадаанд ва ғайр аз пул ҳеҷ чизи дигареро намефаҳманд. Фаҳму шуурашон ба андозаи як “мурғ” аст ва на бештар.

Тамоми вазифаҳоро мефурӯшанд ва ҳар касе ки пули бисёртар диҳад Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва дигар вазирон болотарин мансабро ба ӯ мефурӯшанд. Барои ҳамин аст, ки Э.Раҳмон тез тез мансабдоронро алиш мекунад. Бо пуле ки дарёфт мекунад вазифаҳоро мефурӯшад.

Аз вазифафурӯшию заминфурӯшӣ ба Чин дар Шветсария ҳисоб боз карда, пулҳои ғораткардашудаи мардумро ба он мегузаронад. Ба гуфтаи баъзе аз коршиносон дар ҳисоби шветсариягии Эмомалӣ Раҳмон беш аз 10 миллиард доллар вуҷуд дорад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Дар ин гузориш ҳукумати Тоҷикистонро “заиф ва бисёр фосид” номида, гуфтаанд, вазъи ҳуқуқи мазҳабии мардум соли 2009 ва баъд аз қабули чанд санад ва бахусус қонуни нав дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ қабул шуд.

Манбаъ: Озодӣ

https://www.ozodi.org/a/tajikistan-religious-rights-asia-us-comission/29910920.html

Сиддиқи Акбар

general.images