Радди шиканҷаи наҳзатиҳои боздоштшуда, дурӯғи навбатии Зариф Ализода

Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон Зариф Ализода дар нишасти матбуотиаш дар посух ба суоли хабарнигорон шиканҷа шудани аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рад кард, вале дар воқеъ чунин нест. Ва суханони Ализода мазҳака ва комилан дурӯғ аст, монанди ҳамон дуруғҳое, ки дар ҷаласаи САҲА баён кард.

Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон шиканҷа шудани наҳзатиҳои боздоштшударо рад кард, вале дар воқеъ чунин нест.Зулму ситами режими Раҳмон барои ҳама ошкор шудааст ва режими Раҳмон ба осони ва бедуни ҳиҷ назардоште, бадтарин ва шадидтарин зулмҳоро махсусан дар ҳаққи боздоштшудаҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон анҷом медиҳад. Ҳато наздикони боздоштшудаҳо, азоб ва шиканҷаи онҳоро таййд кардаанд. Ҳато зулми ин режими фосиди Раҳмон то ҷоист, ки хонавода ва наздикони боздоштшудагонро ҳам дар бар мегирад. Ин режими фосид ва золим хонаводаи ва наздикони боздоштшудагонро аз гуфтани ҳақоиқ дар мавриди онҳо бо зур ва таҳдид манъ мекунанд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз, ба нақл аз Озодӣ, Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон Зариф Ализода дар нишасти матбуотиаш дар посух ба суоли хабарнигорон шиканҷа шудани аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рад кард.Ӯ гуфт намояндагонаш дар мурофиаи аъзои ҲНИТ ширкат доштаанд, аммо ҳеҷ шикояте аз шиканҷа шудани боздоштшудагон нашунидаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи Ализода намояндагони ваколатдори ҳуқуқи башар бо маҳбусони наҳзатӣ дар зиндон ҳам дидор ва гуфтугӯ кардаанд, аммо ҳеҷ нафари онҳо аз шиканҷа шикоят накардааст. Ализода мегӯяд намояндагонаш дар ҳамаи мурофиаҳо ширкат намуда, ҳеҷ шикояте аз шиканҷа шудан нашунидаанд. Хабарнигори Востокнюз: Музаффари Раҷаб

general.images