Радди пои духтарон ва занони тоҷик дар саффи ДОИШ

Тибқи гузоришоти ба амал омада, 285 нафар аз сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла бо ҳамроҳии ҳамсар ва фарзандони ноболиғи худ, дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Сурия ширкат дошта ва ҳатто 36 тани онҳо ба ҳалокат расидаанд.

  Тибқи гузоришоти ба амал омада, 285 нафар аз сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла бо ҳамроҳии ҳамсар ва фарзандони ноболиғи худ, дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Сурия ширкат дошта ва ҳатто 36 тани онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Бар асоси гузориши Озодагон, Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд мегӯяд, феълан 271 сокини ин вилоят, ба далели узвият дар ҳаракатҳои террористӣ, таҳти таъқиб қарор гирифтаанд.

  Назарзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, барои ширкат дар муқовиматҳои мусаллаҳона, дар Сурия алайҳи 192 сокини вилоят, парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида ва 10 парвандаи ҷиноӣ низ ба суд ирсол шудааст.

  Ҳамчунин номбурда гуфтааст: “Алайҳи 134 нафар парвандаҳои кофтукобӣ оғоз гардиданд. Илова бар ин, 103 нафар дар таъқиби фаврӣ қарор доранд”. 

Сардори Раёсати умури дохилии вилоят дар идома қайд кардааст, зимни анҷоми фаъолиятҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳафт нафар аз сокинони вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Спитамен бо ҳамроҳии ҳамсару фарзандони ноболиғашон, аз Сурия баргаштаанд.

  Ин дар ҳолест, ки гароиши ҷавонон ва ҳатто ҳамсарони ононро коршиносон ба далели адами таъмини молии хонаводаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ва мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва сиёсатҳои нодурусти ҳукумати Тоҷикистон дониста, роҳи ҳалро дар ислоҳи ҳукуматдорон ва ҳалли бӯҳрони молӣ ва  бекорӣ ва донистаанд.

 

 

general.images