Президенти Қирғизистон: Муҳиммтарин чиз ин аст, ки аз қонун ва аз Худои Мутаол битарсем!

Сарвари давлати Қирғизистон бо таъкид бар ҳадиси шарифе аз Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) гуфт, ки "се навъ қозӣ вуҷуд дорад, ду навъашон вориди ҷаҳаннам мешаванд, ва навъи севум ба биҳишт меравад. Агар қозӣ тасмими мунсифона ва содиқона бигирад, ҷойгоҳи ӯ дар биҳишт аст. Ва касе, ки ҳукмро содир кунад бидуни инки парвандаро хуб баррасӣ кунад ё аз ҳақиқат огоҳ бошад, ҳукми ноъодилонаеро содир кунад, ҷаҳаннам дар интизораш аст".

Сооронбой Ҷеенбеков аз судяҳо (қозиҳо-прокурор, адвокат,суд) хост "монеи ислоҳоти доварӣ ва судӣ (қазоӣ) нашавед" ва " калаатонро зери курпа баҷо накунед!".

Раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков, дар ёздаҳумин ҳамоиши судяҳои Қирғизистон суханронӣ намуду гуфт: калимаи " қозӣ (судя) " бояд дар канори калимаҳое чун адолат, садоқат ва фарҳанг бошад. Муҳиммтарин чиз ин аст, ки аз қонун ва аз Худои Мутаол битарсем! "мо бояд виҷдон ва инсоф дошта бошем! ".

Сарвари давлати Қирғизистон бо таъкид бар ҳадиси шарифе аз Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) гуфт, ки "се навъ қозӣ (судя) вуҷуд дорад, ду навъашон вориди ҷаҳаннам мешаванд, ва навъи севум ба биҳишт меравад. Агар қозӣ тасмими мунсифона ва содиқона бигирад, ҷойгоҳи ӯ дар биҳишт аст. Ва касе, ки ҳукмро содир кунад бидуни инки парвандаро хуб баррасӣ кунад ё аз ҳақиқат огоҳ бошад, ҳукми ноъодилонаеро содир кунад, ҷаҳаннам дар интизораш аст".

Ҳамчунин, президенти Қирғизистон таъкид кард, ки судяҳо (қозиҳо, доварон, прокурорҳо ва адвокатҳо) набояд дар иҷрои ислоҳоти қазоӣ (судӣ) дахолат кунанд.

Ҷеенбеков афзуд: "ҳар ислоҳоте бо мушкилот ҳамроҳ аст. Қатъан, бархе костиҳо ва заъфҳо вуҷуд хоҳад дошт. Зарурӣ аст, ки тазоддҳоро аз байн бибарем, қонунҳоро дуруст иҷро кунем, корҳои фаҳмондадеҳиро анҷом диҳем. Бисёре аз масоил ва мушкилот бо ислоҳи қонун ҳал намешавад, балки ба созмондеҳии дурусти иттилоърасонӣ ва тафҳим ҳал мешавад".

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Ҷеенбеков бо хитоб ба додгоҳҳо, додситонҳо ва намояндагони вазорати корҳои дохилӣ, кумита амнияти миллӣ ва нерӯи давлатии мубориза бо ҷурмҳои иқтисодӣ, дархост кард масоил ва мушкилоти мақомоти дахлдорро, ки қонунҳоро тарроҳӣ карда буданд, ҳал кунанд.

"Мо набояд иҷоза бидиҳем, ки бисёре аз суолҳо ба хотири созмондеҳии заифи кор дар иҷрои ислоҳот эҷод шавад. Ҳамаи шумо бояд дар як ҷиҳат кор кунед, бидуни кашидани курпа дар саратон (киноя аз танбалӣ накардан ва худро ба нодонӣ задан)!".

Ба гуфтаи сарвари давлат, дар системаи судӣ ҳанӯз хатои судӣ, қонуншиканиҳо ва рафтори ғайри ахлоқии судяҳо ва прокурорҳо вуҷуд дорад. Мавориде вуҷуд дорад, ки қозиҳо, ҳадафи муғризонаи худро пеш бурда, аз ҷиноятҳои сахти ҷинояткорон чашмпӯшӣ мекунанд, масъулиятро мухтал мекунанд ва чорабиниҳои ҷиноиро таҳриф мекунанд. Ба унвони мисол, раиси ҷумҳур ба намунаҳое ишора кард, ки бархе аз қозиҳо (судяҳо)-и вилояти Ош, ҷинояткори хориҷиро, ки бо 14 килограм ҳашиш боздошт шуда буд, бо амнистия озод карданд , ва ҳамчунин замоне, ки қозӣ як парвандаи ҷиноии шаҳрванди қирғиз, ки бо 27 килограмм героин ва 5 килограмм ҳашиш боздошт шуда буд, манъ карданд.

"Ман намехоҳам бигӯям, ки ҳамаи шумо вазифаатонро хуб анҷом намидҳед, аммо ҳамон тавр, ки мегӯянд, як қошуқ сирко як бочка асалро вайрон мекунад, ва дар миёни шумо шахсони зиёде ҳастанд, ки лаёқат ва шоистагии унвони баланд ва ҳассоси қозиҳо (прокурор, адвокат, судя ва..)-ро надоранд. Мардум аз бархурд ва амалкарди қозиҳо бо мардум, норозӣ ҳастанд. Бисёр таассуфовар аст, ки намояндагони соҳибмансабон, ки вазифадори риоят ва иҷрои қонун ҳастанд, қонуншиканӣ карда, иқдомоти ғайриқонуниро анҷом бидиҳанд"- изъон дошт раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Линки хабар: https://regnum.ru/news/polit/2588369.html

general.images