Посухи шоири ҷавони тоҷик ба иддаои муовини вазири маорифи Узбакистон

Шоири ҷавони тоҷик ба иддаои муовини вазири маорифи Узбакистон, ки шахсиятҳои бузурге ҳамчун Имом бухорӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Муҳаммад Хоразмиро "мероси халқи узбек” номид, бо шеър посух додааст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сойти Ахбор, ш оири ҷавони тоҷик ба иддаои муовини вазири маорифи Узбакистон, ки шахсиятҳои бузурге ҳамчун Имом бухорӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Муҳаммад Хоразмиро "мероси халқи узбек” номид, бо шеър посух додааст.Алишер Саъдуллоев, муовини вазири маорифи Узбакистон дар сафҳаи “Фейсбукаш” аз ин мавзӯъ тааҷҷуб карда буд, ки чаро манобеи байналмилалӣ шахсиятҳои бузургеро, ки дар қаламрави Узбакистони кунунӣ ба дунё омадаанд, намояндагони илм ва фарҳанги форсӣ муаррифӣ мекунанд, на намояндагони Узбакистон.Ӯ аз ҷумла шахсиятҳои маъруфе ҳамчун Абуалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Муҳаммади Хоразмиро ба далели ин, ки дар қаламрави Узбакистони кунунӣ ба дунё омада буданд, марбут ба мероси таърихии мардуми узбак донист ва гуфт, ҳоло замони он расидааст, ки мардуми узбак меросашонро баргардонанд.Саиди Кӯҳистонӣ шоири ҷавони тоҷик ба ин иддаои муовини вазири маорифи Узбакистон бо шеър посух додааст:Миллати мо!Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Миллати ман аз азал худ миллати бонанг буд,Чун дилаш саршор пур аз ҳилму аз фарҳанг буд.Сулҳу ваҳдат буд равонаш, бухлу кина дур аз ӯ,Дар ҳаққи ҳамсоягӣ бисёр бофарҳанг буд.Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Мулки аҷдодӣ Бухоро, махзани фарҳанг буд,Тоҷири шаҳри Самарқанд дар ҳаёву нанг буд.Рӯдакӣ бо шеъри нобаш дар навози чанг буд,Душман аз ин қуввату дармон басе дилтанг буд.Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Буалӣ дар маркази илму адаб номдор буд,Дар давои дарди мардум ӯ басе ҳушёр буд.Бо забони модариаш ҳарфи худ мерос монд,Гарчи ӯро душмани қаттол басе бисёр буд.Миллати мо зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст. Айнии мо зодаи мулки Бухоро буду ҳаст,Шеъри нобаш бо забони модариаш буду ҳаст.Сад-ҳазорон дар Бухоро зистан бо ифтихор,Пас Бухоро мулки мо, мероси моён буду ҳаст.Миллати мо зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Дар дилам меҳри Бухорои шарифам буду ҳаст,Бойгонии Самарқанди азизам буду ҳаст.Мулку амволи падар ҳатман бимонад бар писар,Ин таманно дар ниҳодам тоҷикона буду ҳаст.Миллати мо зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Ман Бухороро ба ҷону дил харидорам, бидон,Дар Самарқанд тоҷириро орзу дорам, бидон.Бо ҳазорон насли худ гӯям, мероси ман аст,Ин таманно то нафас боқист, ман дорам, бидон.Миллати мо, зиннати мулки Бухоро буду ҳаст,Хонаи умеди мо, мулки Самарқанд буду ҳаст.Саиди Кӯҳистонӣ

general.images