Порлумони Тоҷикистон баъд аз нуҳ моҳ хомӯшӣ ба истироҳати семоҳа рафт

Порлумони феълӣ, ки матбуот бинобар бидуни баҳс қабул шудани қонунҳо онро гоҳе “порлумони хомӯш” ном мебарад, дар муқоиса ба порлумонҳои қаблӣ оромтарин ба шумор меояд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Порлумони Тоҷикистон охирин ҷаласаи даъвати чаҳорумро анҷом дод ва бо ҳамин ба танаффуси семоҳа баромад.Як вакили Маҷлиси Намояндагон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки “агар раиси Маҷлис номи қонунҳоро ба забон нагирифта бошад, ҳеҷ кас онро ифшо намекунад. Зеро ин амр камбуди кори худи вакилони Маҷлиси намояндагон мебошад”.Порлумони феълӣ, ки матбуот бинобар бидуни баҳс қабул шудани қонунҳо онро гоҳе “порлумони хомӯш” ном мебарад, дар муқоиса ба порлумонҳои қаблӣ оромтарин ба шумор меояд. Агар гоҳ-гоҳе танқидҳои худи раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти баъзе ниҳодҳои давлатӣ ва масъалаи нафақаи мардум набошад, аз порлумон ба берун садое намеояд.Як коршиноси тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, порлумони Тоҷикистон тавони баҳсу мунозираҳои зиёд ва ба чолиш кашидани мақомотро дорад, вале ба он ҳадде ки бояд мустақилона кор ва мавзуъҳоро баррасӣ кунад, озод нест.“Аввал инки аксари курсиҳои порлумон дар ихтиёри аъзо ва тарафдорони ҳизби ҳоким аст. Бештари мақомдрон низ аз ҳамин ҳизбанд. Чӣ гуна онҳо ба якдигар дармеафтанд ва камбудҳояшонро мегӯянд? Дувум инки ҳама ба ҳукумат нигоҳ мекунад. Агар ҳукумат ба тарҳи қонунҳо ва созишномаҳо “ок” гуфт, касе зид намебарояд ва баҳс ҳам намекунад”, - афзуд ӯ.Таҳлилгари тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд ҳам мегӯяд, дар муқоиса ба порлумони кишварҳои минтақа, бахусус Қирғизистон, садои Маҷлиси Намояндагон хеле паст берун меояд. Ӯ гуфт, ин масъала ба низоми сиёсии Тоҷикистон бармегардад, ки президентист ва дар он нақши порлумон дувумдараҷа аст.Дар ҳамин ҳол, Шокирҷони Ҳаким – доктори илми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – мегуяд, ки “ба ҷойи номзадҳои сазовор афроди тасодуфӣ вакили маҷлис интихоб мешаванд”.Ӯ гуфт, “онҳо на таҷрибаи кофии кор дар порлумонро доранд ва на аз техникаи эҷоди қонунҳо бархӯрдоранд. Онҳо танҳо бар пояи садоқат ба раҳбарият интихоб мешаванд.”Аммо дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки ба як соли гузаштаи порлумон баҳои хуб медиҳанд. Ин афрод мегӯянд, дар ин муддат ду изҳороти Сайидҷаъфар Усмонзода, узви маҷлис ва раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар порлумон садо дод, ки баҳсҳои доғеро дар пай дошт.Ӯ дар яке аз ҷаласаҳои порлумон гуфта буд, агар раиси Бонки Миллӣ аз уҳдаи ҳалли буҳрони бонкҳо дар кишвар намебарояд, бояд истеъфо диҳад. Моҳи гузашта ӯ масъалаи муносибати намояндагони мақомоти интизомӣ бо ва раҳбарият ва муштариёни “Агроинвестбонк”-ро матраҳ кард ва гуфт, “ба онҳо як саги немисӣ ва як либоси немисии CC намерасад”.Вакилони ҳозираи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон якуним соли дигар фаъолият мекунанд. Сипас бояд интихоботи аъзои нави порлумони кишвар баргузор шавад. Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – аз 63 курсӣ иборат аст.

general.images