Пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон бо қарори махфиёнаи Э.Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон аз табори чиниён ва зодаи муғулон, сарсахттарин душмани миллати форс-тоҷик аст, ки таърих ваҳшигариҳои Чингизхони Муғулро гувоҳӣ медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон бо пайравӣ аз ҷадди аълояш Чингизхони Муғул бар душмании худ бар миллати тоҷик давом дод ва то ба нобудӣ онро расонд. Фуруши замини Тоҷикистон ба Чин худ далели ошкори инкорнопазири душмании Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик аст, ки хиёнати ӯро ба исбот мерасонад.

Хиёнати дигари Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки бо қарори махфиёна ба Чин иҷоза дод дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии худро мустақар кунад ва Тоҷикистонро аз ин пас аз ҷиҳати низомӣ низ дар ихтиёри Чин қарор диҳад. Чин дар замини Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ эҷод карда, бо мошинҳо ва сарбозони худ минтақаҳои Тоҷикистонро ба истилоҳи русӣ “патрулироват” мекунад.

Аз нуқта назари геополитикӣ ин масъала (яъне гаштзании сарбози кишвари бегона бо мошини худ дар кишвари дигаре) ба маънои таҷовуз ба кишвар аст ва он кишвари таҳти сайтара ва истеъмор қарор дорад.

Яъне Тоҷикистон ҷузве аз сарзамини Чин ба ҳисоб меояд ва Эмомалӣ Раҳмон онро махфиёна ба Чин тақдим кардааст.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Са- портал: Чин бо Тоҷикистон дар соли 2015 ва 2016 тавофуқномаи махфиеро имзо кард, ки ин амр ба Чин имкон дод то дар нуқтаи сарҳадии самти Тоҷикистон бо Афғонистон аз 30 - 40 нуқтаи контрол (ё ҳамон пойгоҳи низомӣ) эҷод кунад ва дар воқеъ тамоми бахшҳое аз сарҳади тоҷик- афғониро контрол кунад, ҷое, кӣ, ба гуфтаи Пекин, тоҷикҳо наметавонанд аз интиқоли террористҳо ба хоки Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд.

Як мақоми Тоҷикистон ба wsj гуфт: "Минтақаҳое вуҷуд доранд, ки чиниҳо контроли комили марзро ба таври комил таҳт контрол гирифтаанд. Онҳо марзҳои моро бо автомобилҳои худ гаштзанӣ (патрулироват) мекунанд".

http://www.ca-portal.ru/article:51308

Сиддиқи Акбар

general.images