“Подшоҳии таҳмилӣ” ё имзои Қонуни Пешвои миллат аз ҷониби Президент

Дар паи имзои Раҳмон бар тасвиби Қонуни Пешвои миллат, имрӯз, 25-декабр, сархатти бештари хабарҳоро, мавзӯи имзои президент ва ҷонибдории вай аз ин қонун ба худ ихтисос додааст.

Дар паи имзои Раҳмон бар тасвиби Қонуни Пешвои миллат, имрӯз, 25-декабр, сархатти бештари хабарҳоро, мавзӯи имзои президент ва ҷонибдории вай аз ин қонун ба худ ихтисос додааст.

Гуфта мешавад, бар асоси ин қонун, ки иборат аз 16 модда аст, вазъи сиёсиву ҳуқуқии Пешвои миллат, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мешавад: “Аз ҷумла мувофиқи моддаи 4 ин Қонун барои хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар назди Ватан - ордени "Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон" ва - ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода мешаванд, ки шахсиятҳои намоён барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз гардонида мешаванд”.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни иттилоъ додани мавзӯи ба имзои президент  расидани ин қонун, афзуд, "бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва бар асоси пешниҳоди бархе аз вакилон 9-декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагон, қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" қабул гардид ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ шуд".

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳадафи қонуни мазкурро тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон арзёбӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, инчунин мувофиқи моддаи 11 Қонуни мазкур осорхона, бойгонӣ ва китобхонаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Аммо дар ҳошияи ин қонун ва ба имзо расидани он, мунтақидон мегӯянд, аввалан ин қонун хостаи худи шахси раиси ҷумҳур буда ва ба дастури вай порлумони кишвар қонуни мазкурро омода кардааст, бинобар ин, қонуни мусавваб, расмӣ кардани подшоҳии таҳмилии вайро ба дунбол дошта ва ҳадафи дигари он, бад-ин васила аз масуниятҳои ҷазоӣ баҳраманд гардидани президент, дар замони пас аз итмоми масъулияти раёсати ҷумҳуриро дар бар хоҳад дошт. Ба гуфтаи ин даста аз мунтақидон Раҳмон ҳарос аз ин дорад, ки пас аз тамом шудани мӯҳлати масъулияти президентӣ, ба хотири иштибоҳоти мукаррар, фасод ва қонуншиканиҳои беҳадду марзи худ ва наздиконаш, ба ҷавобгарии қонунӣ кашида хоҳад шуд.

Аммо аз тарафи дигар, мӯътақиданд, тасвиби қонун ва ба имзо расидани он, боиси таҳкими диктотурӣ ва эҷоди марҳалаи ҷадиди шахспарастӣ дар ҷумҳуриро дарбар хоҳад дошт.

Малика Назарова

general.images