Пешрафту тараққии Озодаи Раҳмон – шоистагӣ ё нуфузи падар

Дар паи раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент таъин шудани Озодаи Раҳмон, расонаҳо матолиби зиёдеро мунташир сохта ва гуфтаанд, агарчи бархе ба шоистагии вай ба ин мақом ишора менамоянд, аммо бештари коршиносон ва нозирон ин амрро фақат натиҷаи нуфузи раиси ҷумҳур ва худкомагиву инҳисорталабии вай донистаанд.

Дар паи раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент таъин шудани Озодаи Раҳмон, расонаҳо матолиби зиёдеро мунташир сохта ва гуфтаанд, агарчи бархе ба шоистагии вай ба ин мақом ишора менамоянд, аммо бештари коршиносон ва нозирон ин амрро фақат натиҷаи нуфузи раиси ҷумҳур ва худкомагиву инҳисорталабии вай донистаанд.

Озода Раҳмон , духтари 38-солаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки то ин дам ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ фаъолият дошт, аз рӯзи 27 январ ба унвони раҳбари нави дастгоҳи иҷроияи президент таъин гардид.

Ба гуфтаи коршиносон, агарчи Озода нахустин зани тоҷик аст, ки раҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъин шудааст, аммо таъини ӯ ба ин мақом, на ҳамчун нахустин зан, балки ҳамчун духтари Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи умумро ба худ ҷалб намудааст.

Озода собиқаи кори дипломатӣ дорад. Солҳои 2004-2006 ҳамзамон бо таҳсил дар Амрико, дар сафорати Тоҷикистон, дар ин кишвар, ба фаъолияти дипломатӣ оғоз намудааст. Пас аз анҷоми таҳсили дусола дар Амрико ба ватан баргашта ва сардории раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт ва аз он ҳангом, ин чеҳра расонаӣ шуд ва дар нишастҳои расмӣ ҳузур пайдо намуда ва ба суханрониҳо низ мепардохт.

Гуфта мешавад, вай соли 2009 муовин ва соли 2014 муовини аввали вазири умури хориҷа таъин гардид. Ӯ рутбаи “сафири фавқулода ва мухтор”- баландтарин рутбаи дипломатиро касб намуда ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ мебошад.

Аммо масъалае, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда, на собиқаи вай ва на рутбаҳои илмиву касбиаш, балки масъалае дигар аст ва он духтари раиси ҷумҳур буданаш аст. Масъалае, ки аз долонҳои ҳукумат гирифта торасонаҳо ва маҳофили хусусии шаҳрвандон ва ҳатто расонаҳо ва соҳибназарони ғайритоҷикро низ ба худ ҷалб намудааст. Бархе ин масъаларо нуфузи қудрати Раҳмон, раиси ҷумҳур ва талоши вай барои маҳдуд сохтани қудрат дар хонаводааш дониста ва ишора намудаанд, ки ин рафторро нишонаи нигаронии шадиди раиси ҷумҳур аз ояндаи қудрати хонаводагиаш аз тарафе ва аз тарафи дигар, инҳисорталабии вай дар қудрат донистаанд. Зеро аз хонаводаи вай, ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад ва Давлаталӣ Саидзода, муовини аввали сарвазир низ аз хешони наздики Раҳмон буда ва додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раҳбарии "Ориёнбонк", бузургтарин бонки Тоҷикистон ва бино ба гуфтаи афроди огоҳ, тиҷорати алюминий, фаровардаи ТАЛКО,бузургтарин корхонаи саноатии кишвар низ дар ихтиёри ин шахс мебошад, ки метавонад гуфтаҳои болоро тақвият бахшад.

 

general.images