Паҳлавони тоҷик Дилшод Назаров, беҳтарин варзишгари қораи Осиё интихоб шуд

Иттиҳодияи варзиши сабуки Осиё, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари қора эълон кард.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Иттиҳодияи варзиши сабуки Осиё қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари қора эълон кард.Дилшод Назаров соли гузашта дар панҷ даври мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, бо 236.37 имтиёз дар феҳристи зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон мақоми дувумро касб намуд. Соли гузашта ӯ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.Ҳамакнун Дилшод Назаров дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук, ки аз 6-ум то 9-уми июл дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат меварзад.Аз байни варзишгарони тоҷик танҳо ба гурзандози машҳур Дилшод Назаров муяссар шудааст, ки се бор (солҳои 2009, 2013, 2015) ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гардад.

general.images