Пас аз Русия дар Эрон: суқути ҳавопаймо бо 60 мусофир дар Эрон

Ҳавопаймо дар масири Теҳрон-Ёсуҷ парвоз мекард. Эҳтимол аст, ки чанде аз мусофир ҷон ба саломат бурдаанд.

Ҳавопаймо бо 60 мусофир дар ҳудуди Исфаҳон суқут кард, хабар медиҳад оҷонсии Тасним бо такя ба манбаъ дар КҲФ.Ба иттилоъи оҷонсӣ ҳавопаймо дар масири Теҳрон-Ёсуҷ парвоз кардааст.Ба гузориши расонаҳо, шоҳидон дидаанд, чӣ гуна ҳавопаймо кӯшиш кардааст, дар майдони яке аз фермаҳо нишасти изтирорӣ аном диҳад.Гуфта мешавад, ки дар дохили ҳавопаймо 60 мусофир қарор доштаасту эҳтимол аст, ки чанде аз онҳо ҷон ба саломат бурдаанд.Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 11 феврал ҳавопаймои ширкати "Саратовские авиалинии" дар ҳудуди вилояти Маскав суқут кард.Ҳавопаймои мусофирбари АН-148 аз Маскав ба Орск парвоз мекард. Дар дохили он 71 кас қарор дошт. Муттассифона нафаре ҳам аз мусофирон дар паи ин фоҷиа ҷон ба саломат набурд.Востокнюз

general.images