Парламент ислоҳот дар чанд қонуни кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад

Хабаргузории “Востокнюз” ба нақл аз хабаргузории “АП” Парламент ислоҳот дар чанд қонуни кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Хабаргузории “Востокнюз” ба нақл аз хабаргузории “АП” Парламент ислоҳот дар чанд қонуни кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Дастури кори ҷаласаи навбатии сессия дувуми палатаи поёни парламенти Тоҷикистон, ки имрӯз баргузор мешавад, даҳ саволро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

«АП» хабар медиҳад, ки сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов гуфт: Маҷлис имрӯз масоилеро баррасӣ мекунад, ки дар зер ба онҳо ишора мешавад: масоили марбут ба тасвиби мувофиқатнома байни ҶТ ва ҶИ Покистон барои истирдод (экстрадиция), ислоҳи протокол ба тавофуқнома байни давлати ҶТ ва давлати Ҷумҳурии Қазоқистон дар фаолиятҳои кор ва риояти ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ− шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври муваққат дар қаламрави Қазоқистон кор мекунанд, ва мутақобилан риоят ва дифоъ ҳуқуқи шаҳрвандони Қазоқистон, ки аз 4−уми майи 2006 ба таври муваққат дар қаламрави Тоҷикистон муҳоҷиранд ва кор мекунанд.

Мутобиқи ислоҳияи қонун “дар равиш ва шароити боздошти афроди гумонбар ва айбдор”, ки намояндагони Маҷлис имрӯз баррасӣ мекунанд, нерӯҳои амниятӣ пеш аз боздошти муттаҳамон, ки ба ягон ҷурме гумонбар шинохта шаванд, вазифадоранд ки хешовандони муҷримро аз дастгирӣ бохабар созанд.

Илова бар ин, дар кодекси додрасӣ−кайфарии ҶТ ислоҳот дар назар гирифта мешавад. ислоҳоте ки марбут ба ғайриқонунӣ будани шаҳодатҳо ва аризаҳое аст, ки таҳти шиканҷа ба зур гирифта мешавад.

Имрӯз намояндагони Маҷлис масоили марбут ба эҷоди ислоҳот дар кодекси ҷиноии ҶТ, кодекси ҶТ дар “нақзи идорӣ (қонуншиканиҳои административӣ)”, қонунҳои дар мавриди “нашри давраии матубот ва ВАО” ва “системаи судури иҷозатнома”−ро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

general.images