Парвиз Муллоҷонов: “Ширкаткунандагони

Парвиз Муллоҷонов, дар мусоҳибаи нашрияи Самак, тарҳи нави парлумон дар бораи додани мақоми ветерани ҷанг ба ширкаткунандагон дар ҷанги шаҳрвандиро, тарҳи нодуруст донистааст.

ҷанги дохилӣ мақоми ветеранӣ надоранд”   Парвиз Муллоҷонов, дар мусоҳибаи нашрияи Самак, тарҳи нави парлумон дар бораи додани мақоми ветерани ҷанг ба ширкаткунандагон дар ҷанги шаҳрвандиро, тарҳи нодуруст донистааст.  Нашрияи Самак ахиран, лоиҳаи парлумон ҷиҳати додани мақоми ветеранӣ ба ширкаткунандагон дар ҷангҳои дохилии Тоҷикстонро бо чанд тан аз таҳлилгарон мавриди баҳс қарор додааст, ки аксари коршиносон мухолифати худро бо ин тарҳ эълом доштаанд. Аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов сиёсатшинос ва таҳлилгари масоили иҷтимоӣ, дар ин мусоҳиба ширкат намуда ва бар ин назар аст, ки дар ҳеҷ кишвари дунё, барои афроде, ки дар ҷангҳои дохилӣ ширкат кардаанд, мақоми ветеранӣ дода намешавад.   Ин коршиноси масоили иҷтимоӣ ва таърихӣ, бо ишора ба ҷангҳои дохилии Испания, гуфтааст, ҳеҷ тарафе аз ҷанг мақоми махсус дарёфт накардаанд.

  Ҳамчунин ҳуқуқшиноси тоҷик Зариф Ғулом низ зимни мухолифат бо ин лоиҳа гуфтааст, ки ҳамаи ин афрод ба хотири таъмини манофеи худ ҷангидаанд ва ҳамин қасру кӯшкҳо ва корхонаҳое, ки ба унвони ғанимат аз даврони ҷанги дохилӣ ба даст овардаанд, барои онҳо кофист. Ба гуфтаи Зариф Ғулом, дар ҳеҷ ҷои дунё барои бародаркушӣ ба касе имтиёз намедиҳанд.

  Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд ингуна изҳори назар кардааст, ки агар парлумон имтиёзе доданӣ бошад, бояд ба размандагони ҳар ду тарафи даргир дар ҷанг бидиҳад, дар ғайри ин сурат, додани имтиёз ба ҷанговарони як тараф, суолоти зиёдеро дар ҷомеа матраҳ мекунад. Ба гуфтаи оқои Маҳмуд, ин лоиҳа бо бандҳои қарордоди сулҳ муғойират дорад, зеро дар ин шартномаи сулҳ таъкид шудааст, ки ҳар иттифоқе, ки дар замони ҷанги дохилӣ байни гурӯҳҳои даргир иттифоқ афтодааст, бахшида шуда, ин фоҷеа ба бойгонии таърих супурда мешавад.

  Бар асоси лоиҳаи нави қонуни ветеранҳои Тоҷикистон, иштирокдорони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 расман "собиқадорони корҳои дохилӣ" унвон гирифта, аз тамоми имтиёзҳое, ки ҳоло собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз он бархӯрдоранд, баҳраманд хоҳанд шуд.

  Дар зимн, зери ибораи "барқароркунандагони сохти конститусионии Тоҷикистон"  ҷангҷӯёни Фронти Халқӣ яке аз тарафҳои ҷанги дохилиро дар назар доранд.

  Дар давоми ҷангу даргириҳои панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, то 150 000 кушта ба ҷо гузошта, боиси бесарпаноҳ шудани ҳудуди 1 миллион нафар шудааст ва зарарҳои ворида аз ин ҷангу даргириҳо, беш аз 10 миллиард долларро ташкил медиҳад.

  Дар паи ин тасмим, шуморе аз шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, низ дидгоҳҳои худро иброз дошта ва бо ҷиддият гуфтаанд, додани имтиёзҳову унвонҳо ба афроде, ки дар ҷанги бародаркушӣ ширкат доштаанд, кори дурусте нест ва хуб мешуд, дар ин бора таҷдид назаре сурат мегирифт.

 

general.images