Палидӣ ва хабосати Э.Раҳмон рӯз то рӯз ошкортар мешавад\СММ баъд аз М.Ҳайит, озодии З.Саидро аз Э.Раҳмон хостор шуд

Созмони милали муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон ва ба шахси Э.Раҳмон 180 рӯз вақт додааст, ки ӯ соҳибкори маъруфи тоҷик Зайд Саидро озод кунад.

Эмомалӣ Раҳмон шахси палид, хабис, кинагир, сангдил, бераҳм ва дар як калом ҳайвони ваҳшие дар сурати инсон аст. Ин воқеияте аст, ки ошкоршавии он аз сентябри соли 2015 оғоз шуд ва рӯз то рӯз ҷанбаҳои бештари он намоёнтар шудааст ва то ҷое пардабардорӣ аз шахсияти хашини Э.Раҳмон ошкор шудааст, ки СММ пай дар пай озодии зиндониёнро яке пас аз дигарӣ аз ӯ хоҳон аст ва ин ба он маъност ки шахсияти Э.Раҳмон бар ҷаҳониён фош шуда, номардӣ ва хушунату хабосати бениҳояти ӯ ҷаҳониёнро озурдадил карда аст.Созмони милали муттаҳид ба ҳукумати Тоҷикистон ва ба шахси Э.Раҳмон 180 рӯз вақт додааст, ки ӯ соҳибкори маъруфи тоҷик Зайд Саидро озод кунад. СММ дар таҳқиқоти худ ба хулоса расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳуқуқи Зайд Саидро поймол карда, ба таври ноҷавонмардона ӯро зиндонӣ кардааст. Ба ҳамин хотир ба Э.Раҳмон ҳушдор додааст ки минбаъд аз ин бераҳмиҳоро анҷом надиҳад.Инак Э.Раҳмон ду роҳ дар пеш дорад, ё бояд Зайд Саидро бо дархости СММ озод кунад, ки дар ин сурат обрӯи худро байни аҳолии Тоҷикистон ба хусус чоплусони тарафдоронаш аз даст медиҳад, ё инки дархости Созмони милали муттаҳидро нодида гирифта, Зайд Саидро озод накунад, ки дар ин сурат фишорҳои бештареро аз кишварҳои хориҷӣ, ки бо талбандагие ки аз онҳо дорад, ҳисобҳои бонкии худро ба миллиардҳо доллар расонда, аз тариқи СММ дарёфт мекунад. Дар ҳарду сурат зарбаи муҳлике бар чеҳраи палиду хабису нобакори ӯ ворид хоҳад шуд. Инак бояд мунтазир монд ва аксулъамали Э.Раҳмонро дид.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар хулосааш пиромуни парвандаи соҳибкори тоҷики зиндонӣ Зайд Саидов мегӯяд, ҷониби ҳукумат бояд Зайд Саидовро аз маҳбас озод карда, ба ӯ ҷуброн пардохт кунад. Созмони Милал барои иҷрои ин қарораш ба ҳукумати Тоҷикистон 180 рӯз вақт додааст. Зайд Саидов дар соли 2013 дастгир ва ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Кумитаи ҳуқуқи башар, ки аз соли 2015 парвандаи Зайд Саидовро таҳқиқ мекард, ба чунин натиҷа расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар парвандаи Зайд Саидов як силсила аз муқаррароти Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандиро поймол кардааст ва бояд иштибоҳҳои худро ислоҳ кунад. Ба ақидаи Кумитаи Созмони Милал, мақомоти Тоҷикистон ҳуқуқи Зайд Саидов ба озодии гирдиҳамоӣ ва таъсиси ҳизби сиёсӣ, ҳаққи ӯ ба тафтиши бидуни мамониат ва муҳокимаи одилонаи парвандаашро зери по кардааст.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images