Пайравии чоплусони Э.Раҳмон аз Қазоқистон / номгузории номи минтақае ба номи Э.Раҳмон

Аммо Эмомалӣ Раҳмон касе аст, ки Тоҷикистонро дар буҳронҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, миллӣ, динӣ, сиёсӣ ва... ғарқ кард ва номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон ба қашоқтарину фақиртарину бесаводтарин машҳур сохт, ки филмҳои бисёр баду таҳқиромезе

Як моҳ пеш президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев аз мансаби президентӣ истеъфо дод. Тоқаев, президенти баъдии Қазоқистон ба поси хизматҳои Нурсултон Назарбоев – ки Қазоқистонро аз як кишвари буҳронзада ба як кишвари бисёр муҳиму пуровоза дар ҷаҳон табдил кард – пойтахти Қазоқистонро аз «Астана» ба «Нурсултон» тағир дод.

Эмомалӣ Раҳмон – ки Тоҷикистонро ба буҳронзадатарин кишвари дунё табдил кард – низ бе инки аз мардум хиҷолат кашад, бо пайравӣ аз Қазоқистон, номи минтақаеро ба номи худ номгузорӣ карданист, ки воқеан кори бисёр сахифу аблаҳона аст; чароки бисёр бешармонааст, ки номи худро бар мардум маҷбуран бор кунӣ дар ҳоле ки мардум аз рангу руят безор шудаанд ва намехоҳанд дигар ному насабу шаклу рангатро бибинанд.

Нурсултон Назарбоев президенте буд, ки барои мардумаш ободию пешрафт овард ва овозаи Қазоқистонро ба ҷаҳон расонд, ки Галивуд низ филмҳои маъруфе бо актёрҳои машҳуре дар бораи он сохт. Мардуми Қазоқистон аз обрую эътибори хубе бархурдоранд ва номи Қазоқистон ҳамвора дар саҳнаи байналмилал ба унвони кишвари бисёр асаргузору қудратманд ёд мешавад. Ба ҳамин хотир сазовор аст, ки аз чунин шахси ватандӯсту ватанпарасте ба хубӣ ёд шавад ва саросари кишварашро бо номи номии ӯ номгузорӣ кунанд.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон касе аст, ки Тоҷикистонро дар буҳронҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, миллӣ, динӣ, сиёсӣ ва... ғарқ кард ва номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон ба қашоқтарину фақиртарину бесаводтарин машҳур сохт, ки филмҳои бисёр баду таҳқиромезе монанди «НАША РАША» дар бораи он сохтанд, бисёр бемаврид аст, ки номи бадноми худро дар саросари кишвар паҳн кунад. Мардум аз шунидани номи Э.Раҳмон мушмаиз мешаванд ва хун мегирянд ки чунин шахси хоину бераҳму нобудгаре - ки аз як тараф қисмате аз заминро ба Чин фурухт, аз тарафи дигар мардумашро ба муҳоҷирони меҳнатӣ табдил кард ва номи тоҷикро паст зад – монанди азоби дӯзах бар сарашон соя афкандааст.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз хабаргузории Регнум: Еще один населенный пункт Таджикистана будет назван в честь Рахмона

Манбаъ: https://regnum.ru/news/polit/2609441.html

Сиддиқи Акбар

general.images