Паймони Миллии Тоҷикистон таъсис ёфт

Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 9- сентябр дар Варшава аз ҷониби 4 гуруҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 9- сентябр дар Варшава аз ҷониби 4 гуруҳи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки иборатанд аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд.Аъзои ин шӯро аз 15 нафар иборат буда ба тартиби зер аз ҳизбу созмонҳо онҷо ҳузур ёфтанд: 5- нафар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) 5- нафар аз Анҷумани озодандешони тоҷик (АОТ)3- нафар аз Ҷунбиши ислоҳот ва рушд (ҶИ Р)2- нафар аз Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ (АМОМ).Ҳамчунин дар ин ҷаласа интихоби раҳбари ПМТ баргузор гардид. Дар изҳорот омадааст: “Дар рафти ҷаласаи Шӯро, масъаалаҳои созмонии ПМТ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва барои раҳбарии ПМТ номзадҳо пешбарӣ шуданд”. Раҳбарии ПМТ баъди раъйгирии умумии аъзои Шӯро, бо раъйи аксарият Муҳиддин Кабирӣ интихоб гардидааст. Баҳси таъсиси эътилофи нави нерӯҳои мухолифини тоҷик, ё ба истилоҳ, ИНОТ-2 беш аз як сол ба ин сӯ, аз замони нишасти якуми оппозитсия дар кишвари Олмон дар соли 2017 мелодӣ идома дошт.

general.images