Оҷонсӣ: Кабирӣ 42 иншоотро ғайриқонунӣ аз худ кардааст

Наимӣ Аламхони Қодирён, муовини аввали раҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи санҷиш муайян намудаанд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ 42 биною иншооти гуногунро ғайриқонунӣ аз худ кардааст.

Наимӣ Аламхони Қодирён, муовини аввали раҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи санҷиш муайян намудаанд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ 42 биною иншооти гуногунро ғайриқонунӣ аз худ кардааст. Оқои Қодириён имрӯз, 2 феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар пайи санҷиш ҳамчунин муайян шуда, ки Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиаи Тоҷикистон ва маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" низ биноҳои зиёдро ғайриқонунӣ аз худ кардааст: “Танҳо дар 8 иншооти марбут ба Назарзода, ки то ҳол санҷида шудаанд, муайян гардидааст, ки зимни хусусигардонии онҳо ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молӣ расонда шудаст”. Дар маҷмӯъ теъдоди иншооти азхудкардаи Назарзода 12 адад арзёбӣ мешаванд.Ба иттилои манбаъ, санҷиши молу амволи Абдуҳалим Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ таҳти роҳбарии Додситонии кулл идома дорад. 

general.images