Оҷил, оҷил:КДАМ, корхонаи одамкушии ҶТ яке аз боздоштшудаҳоро то ҳадди марг шиканҷа кард

Оҷил, оҷил:КДАМ, корхонаи одамкушии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз боздоштшудаҳоро то ҳадди марг шиканҷа кард

Кумитаи давлатии аминияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) бо раёсати кофиртарин ва ашаддитарин душмани Ислом-Саймумин Ятим, корхонаи одамкушии Тоҷикистон аст, ки аз он ҳаррӯз чандто-чандто мурда тавлид мешавад.

Танҳо корхонае дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар рӯз маҳсул тавлид мекунад, корхонаи одамкушии КДАМ аст, ки ҳатто дар рӯзҳои таътилӣ низ ҳадди ақал 5-то маҳсул- яъне инсони кушташуда зери тоқатфарсотарин шиканҷаҳои ғайриинсонӣ- мебарорад.

Ба Востокнюз аз дохили корхонаи одамкушии Тоҷикистон (КДАМ) хабар расид, ки дирӯз шахси бегуноҳеро СИЗО қабул накардааст ва ба КДАМ гуфтааст, ки СИЗО қатли ин инсонро ба гардан намегирад. Агар ин шахсеро ки овардаед СИЗО қабул кунад, фардо ки мурд наметавонад ҷавобгӯй бошад, ба ҳамин хотир СИЗО аз қабули шахси мазкур сар боз задааст.

Манбаъ мегӯяд, шахси мазкурро КДАМ чунон шиканҷа кардааст, ки дасту поҳояшро шикаста, пардаҳои гӯшҳояшро дарронда, дар ангуштонаш тебанаро дароварда ба ток монда ва даруни олати таносулиаш барқи 220 квт-ро гузошта, дар баданаш изи газмол (утюк) монда, тамоми аъзои баданаш зери латӯкуб варам карда, сиёҳу кабуд шуда, нимҷон шудааст ва дар ҳолати марг қарор гирифтааст.

Ба ҳамин хотир СИЗО шахси шиканҷашударо, ки дар ҳолати марг қарор доштааст, аз корхонаи одамкушии КДАМ қабул накардааст!

Сиддиқи Акбар

general.images