Оҳ аз дарди мазлумият!

Мазлумият калима ва мафҳуме аст, ки саропои олам аз он зиёд дида аст ва торихро шармсор сохта!

Мазлумият маъное аст, ки мазлумонро аз дигар мизаҳои инсонӣ барҷаста сохта, дар суханони гавҳарбори муҳандис (Аллоҳи меҳрубон) ва меъморони башарият (пайғамбарон) дар бораи он суханҳо суруда шуд, нолаю сузу дарду ранҷу оҳи торихро ба фалак расондааст!

Мазлумият дарде аст, ки тамоми вуҷуди башарро ба дард оварда, чорсутуни баданро ба ларза дароварда ва садои чирикоси дар ҳам хурдани устухонҳоро ба гуш мерасонад!

Мазлумият ранҷе аст, ки фақат худи мазлум онро дарк мекунад

Мазлумият сузе аст, ки ҷигарҳоро бирён, дилҳоро сузон, ақлҳоро ҳайрон, ашкҳоро резон ва эҳсосоту авотифро ғалаён месозад!

Оҳ аз дарди мазлумият! Оҳ аз дарду ранҷу сузу оҳи мазлум! Уф бар золим

Мазлум касе аст, ки мавриди зулму ситам қарор мегирад ва касеро ки ин зулму ситамро бар ӯ раво медорад золим гӯянд. Золим касе аст, ки бар дигарон зумл мекунад!

Зулм, яъне ситам, яъне, таҷовуз яъне, поймол кардани ҳуқуқе, ки Худо инсонро дар доштани он соҳиби ҳақ қарор дода ва инсонро озод офарида!

Зулм, яъне дар тамоми ҷузъиёти зиндагии инсон дахолат кардан ва ба ҷои ӯ тасмим гирифтан ва дину дунёи ӯро барои таъмини манофеи худ дар тангно қарор додан!

Зулм, яъне саркуб, яъне туҳмати бераво задан яъне, дурӯғ бастан!

Зулм, яъне бардурӯғ зиндонӣ намудан ва ҳақоиқро аз ҳама махфӣ кардан!

Зулм, яъне монеи садои ҳаққу ҳақиқат шудан

Зулм, яъне масмум кардан яъне, дар зиндони махуф маҳбус кардан ва ба таври ваҳшиёна шиканҷа додан!

Зулм, яъне овора кардан, яъне, бехонаю кошона кардан!

Зулм, яъне ятиму бепадар кардан!

Зулм, яъне бева кардану бесарпараст намудану пар шикастан!

Зулм, яъне беасо кардан ва дили падару модарро доғдор кардан!

Зулм, яъне оҳу дарду ранҷро бар сари мардуми бегуноҳи бепаноҳ сарозер кардан!

Зулм, яъне сар буридан яъне, куштан ва беҷаноза ба хок супоридан ва монеи эътои ҷасад ба хонадон шудан!

Зулм, яъне қатли ваҳшиёна, яъне, ҷинояти ноинсона, яъне ба роҳ адохтани ҷанги шаҳрвандӣ ва қатли ом кардани озодандешию дигарандешӣ!

Ва дар як калом зулм, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва Эмомалӣ Раҳмон яъне ҷурсумаи фасоду зулму ситам! Зулм, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва мазлум яъне, халқи Тоҷикистон!

Оҳ аз ин мазлумияти халқи Тоҷикистон!

Оҳ аз ин бемеҳрии замона, ки сояи аҳриманӣ ва наҳси Раҳмони золимро аз сари халқ кам намекунад ва бар дарду ранҷу мазлумияти ин миллат меафзояд!

Оҳ аз ин номардии рубоҳону шағолон, ки шерону далеронро дар қафас зиндонӣ карда, бар сари халқ савор шуданд!

Оҳ аз ҳимояти қудратмандони соҳиби пойгоҳи низомӣ, ки дар сарнавишти шуми бақои золим саҳм доранд ва уф бар зулму золиму золимину ҳомиёнашон, ки бар ранҷи миллат меафзоянд!

Уф бар Раҳмони золим!

Уф бар Раҳмони хунхору ситамгар!

Уф бар Раҳмони ҷаббори пардадари бепадар!

Сиддиқи Акбар

general.images