Оғози талбандагии Э.Раҳмон аз Эрони ба гуфтаи ӯ кишвари дар нохунак дӯст!

Эмомалӣ Раҳмон инсони бисёр беобрӯ ва беҳаёе аст, ки дар айни инки Ҷумҳурии Исломии Эронро кишвари дар нохунак дӯст гуфта, террорист ва пуштибони террорист мехонд ва филмҳои ба истилоҳ ҳуҷҷатии чанде дар бораи даст доштани Эрон дар қатли ҳазорон нафар ва ҳатто сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ сохт, беягон изокашӣ имрӯзҳо аз Эрон пулталбӣ, кумакталбӣ ва гадоӣ дорад.

Ба гуфтаи Маҳмудхон Бурҳонов агар ба ҷои Эмомалӣ Раҳмон мор мебуд, аз хиҷолату шармандагиаш даҳҳо бор пӯст мепартофт. Аммо Эмомалӣ Раҳмон чунон бешарму беобрӯ аст, ки баъд аз ин ҳама беобрӯгӣ хиҷолат накашида, дасти гадоӣ ба кишвари ба гуфтаи ӯ дӯст дар нохунак дароз мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2003, давлати Эрон ва Тоҷикистон тавофуқномаи сохти нақби “Истиқлол”-ро имзо карданд. Маблағи сармоягузории он 39 миллион доллар буд, ки 21.2 миллион доллар тавассути мақомоти эронӣ ба унвони қарз ва 10 миллион доллар ба унвони кумаки молии бебозгашт ироа шудааст. Саҳми Тоҷикистон 7.8 миллион доллар буд.

Номардигарии Эмомалӣ Раҳмонро бинед, ки аз 39 миллион доллари сохти нақби Истиқлолро фақат 7,8 миллион доллари онро Тоҷикистон дода, аммо бақияро Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иловаи муҳандисӣ, бо ин вуҷуд ба ҷои ташаккур аз ҶИЭ, онро террорист хонда, садҳо тӯҳмати дигаре бар он бор кард.

Номардтару шармандатар аз Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд надорад!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Регнум: Тоҷикистон аз Эрон мехоҳад то нақби Истиқлолро такмил кунад

Мавзӯъи сармоягузории мақомоти эронӣ ба марҳалаи дувуми сохти нақби Истиқлол, ки маркази Тоҷикистонро бо минтақаи шимоли Суғд муттасил мекунад, дар рӯзи 15 июни 2019 дар ҷаласаи вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода ва вазири энергетикаи Эрон, Ризо Ардакониён, дар ҷараёни мулоқот бо Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон дар Душанбе мавриди баҳс қарор гирифт.

Дар аснои ин нишаст Худоёрзода, давлати Эронро барои ширкат дар иҷрои марҳалаи дувуми сохти нақб даъват кард, ки шомили тарроҳӣ, харид ва насби систем нурпардозӣ, таҳвия, системҳои ҳифозати оташсӯзӣ, контролҳои амниятӣ ва системҳои мудирияти проект мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳосиботи аввалия, иҷрои чунин проекте ҳудуди 8 миллион доллар ниёз дорад. Ниме аз маблағ, тибқи тавофуқҳое, ки дар музокироти қаблӣ ба даст омада, тавассути давлати Эрон ироа мешавад, ними дигари он тавассути мақомоти Тоҷикистон таъмин мешавад.

Дар нишасте, ки дар мобайни моҳи июн баргузор шуд, тарафайн тавофуқ карданд, ки ҳамаи асноди лозимро таҳия ва дар мавриди сармоягузории проект баҳс кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2003, давлати Эрон ва Тоҷикистон тавофуқномаи сохти туннели “Истиқлол”-ро имзо карданд. Маблағи сармоягузории он 39 миллион доллар буд, ки 21.2 миллион доллар тавассути мақомоти эронӣ ба унвони қарз ва 10 миллион доллар ба унвони кумаки молии бебозгашт ироа шудааст. Саҳми Тоҷикистон 7.8 миллион доллар буд.

Манбаъ: https://regnum.ru/news/polit/2657846.html

Сиддиқи Акбар

general.images