Оғози омодагӣ ба машқҳои густардаи низомии Тоҷикистону Русия

Дар пойгоҳҳои ҳарбии воқеъ дар вилояти Хатлон, омодагиҳо барои бузургтарин тамрини низомӣ дар таърихи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия, оғоз шудааст.

Дар пойгоҳҳои ҳарбии воқеъ дар вилояти Хатлон, омодагиҳо барои бузургтарин тамрини низомӣ дар таърихи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия, оғоз шудааст. Дар ин машқҳо беш аз 50000 афсару сарбози амалкунанда ва нерӯи захиравӣ ширкат намуда, 250 адад зиреҳпӯшу танк, 20 адад тайёраҳои ҳарбӣ ва 12 адад чархболҳо истифода хоҳанд шуд.Аз тарафи Русия ба ҷузъ сарбозону техникаи пойгоҳи 201-ум, инчунин 2000 афсарону сарбозон аз Округи марказии низомии артиши Русия ширкат хоҳанд кард. Қарор аст ин машқҳо дар пойгоҳҳои “Лоҳур”, “Сумбула”, “Момирак”, “Ҳарбмайдон” ва “Ҳалқаёр” сурат гиранд. Аз 9 то 15 март омодагӣ ба ин машқҳо ва аз 15 то 20 март худи машқҳо гузаронида хоҳанд шуд.Сабаби афзоиши диққати ҳукумати Тоҷикистон ба артиш ва машқҳои ҳарбиро, коршиносон дар таҳдид аз ҷониби ҷангиёни мустақар дар Афғонистон мебинанд. Шумори ҷангиёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар Афғонистон ҷамъ шудаанд, Замир Кобулов, намояндаи махсуси Русия дар Афғонистон, аз 2500 то 3500 тахмин зада буд. Аммо Александр Князев, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ин рақамро қабул надорад ва мегӯяд ин шумор ба маротиб камтар аст. Коршиносон мегӯянд, дар сурати ҳатто 2500 нафар будани ҷангиён, артиши Тоҷикистон ба танҳоӣ қудрати муқобилият ба онҳоро надорад. ,

general.images