Оғози баррасии парвандаи аъзои ҲНИТ дар додгоҳ

Чанде пеш, аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон муқаррар шуда буд, баррасии парвандаи марбут ба 13 нафар аз аъзои боздоштшудаи Шӯрои олии ҲНИТ, то 24-феврал ба таъхир афтад.

Чанде пеш, аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон муқаррар шуда буд, баррасии парвандаи марбут ба 13 нафар аз аъзои боздоштшудаи Шӯрои олии ҲНИТ, то 24-феврал ба таъхир афтад.

Дар идомаи муҳокимаи сарони аршади ҲНИТ, додгоҳ аз таъхири ҳукми онон, ки қарор буд, дар торихи 15-феврал эълом шавад, хабар дода буд.

Ба гузориши бархе расонаҳо, ҷузъиёти додгоҳи аъзоёни ҲНИТ маҳрамона аст ва ба вакилони мудофеи ин парванда таъкид шудааст, дар сурати иттилоърасонӣ дар мавриди ҷаласоти додгоҳ ва ҷузъиёти ин муҳокима, муҷаввизи онон лағв хоҳад шуд.

Вакилони мудофеи ин парванда пеш аз ин гуфта буданд: Алайҳи ҳар як аз ин афрод, бар асоси 4 то 14 банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон эъломи иттиҳом шудааст, ки дар сурати таъйиди ин маворид, 15 то 20 сол маҳкумият дар интизори онон хоҳад буд.

general.images