Оё Эмомалӣ Раҳмон ба дархости муҳоҷирон барои бозгушоӣ NGN таваҷҷуҳ мекунад?

Як гурӯҳи фейсбуки бо мунташир кардани лоиҳаи мактуби кушодаи чанде аз фаъолони гурӯҳ ба Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро пас аз баста шудани NGN расонанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Спутник, гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" бо мунташир кардани лоиҳаи мактуби кушодаи чанде аз фаъолони гурӯҳ ба раисҷумҳури Тоҷикистон, хостанд ба Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро пас аз баста шудани NGN дар Тоҷикистон расонанд.Корбарони гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" бо интишор кардани сиёҳнависи номаи саркушода ба раисҷумҳури Тоҷикистон навиштаанд, хоҳишмандон метавонанд зери ин нома имзо гузоранд ва ё пешниҳоди худро бинависанд.Дар ин нома гуфта мешавад, ки онро гурӯҳе аз муҳоҷирон ва донишҷӯён ба раисҷумҳур ирсол хоҳад кард. Онҳо мегӯянд, ки пас аз як иқдоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҷбур шуданд ба раисҷумҳури кишвар муроҷиат кунанд.Дар ин нома омадааст " дар ибтидо фарзияҳое ба вуҷуд омаданд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мехоҳад зангҳои NGN- ро, ки барои ҳар кадоми мо баҳри тамос бо пайвандонамон дар Ватан хеле арзону дастрас буд, барҳам диҳанд".Ба гуфтаи онҳо, NGN, ки зоҳиран дар Тоҷикистон бо далелҳои амниятӣ мамнуъ шудааст, тамоми муҳоҷиронро аз баҳрагирӣ аз фанновариҳои пешрафта маҳрум кардааст.Ба гуфтаи онҳо дар асл, шояд мақсади Хадамоти алоқа дигар бошаду қатъ шудани алоқиаи NGN танҳо ба манфиати Хадамот бошад.Дар сурати кор гирифтан аз тамоси байналмилалӣ, хароҷоти ҳар муштарӣ 19 маротиба меафзояд.

general.images