Оё Эмомалӣ Раҳмон аз президентӣ канор рафта, онро ба Рустами Эмомалӣ медиҳад?

Баргузории референдуми конститутсяи 2016 - ки дар натиҷаи он маҳдудияти синнии номзади раёсатҷумҳурӣ аз 35 сол ба 30 сол коҳиш ёфт – фикри додани сареъи қудратро таъйид мекунад. Бадеҳӣ аст, ин қонун ба Рустами Эмомалӣ иҷоза хоҳад дод, ки президент шавад. Ӯ дар моҳи декабр 31 сола шуд.

Эмомалӣ Раҳмон кай аз курсии президентии Тоҷикистон канор меравад?

Таҳлилгарони сиёсӣ гуфтанд, ки дар моҳи марти 2019 дар Тоҷикистон ҳеҷ заминае барои тағйири раиси ҷумҳур вуҷуд надошт. Спутник менависад: Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 раиси давлат будааст, қасд надорад қудрати худро ба касе интиқол диҳад.

Алоқа ба сиёсатҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Осиёи Марказӣ баъд аз 19 март 2019 баъд аз инки президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, мансаби худро тарк кард, пайдо шуд. Ин хабар мӯҷиби сару садо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шуд. Барои хелеҳо суол эҷод шуд, ки оё президентҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя қасд надоранд аз амалкарди Назарбоев сармашқ гиранд?

Владимир Жарихин, ҷонишини директори институи кишварҳои муштаракуламанофеъ хотирнишон кард, ки дар воқеъ дар Тоҷикистон, ҳеҷ нишонае аз тағйири раиси ҷумҳур вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ду соли оянда, тағйири Эмомалӣ Раҳмонро интизор доштан, интизори беҷое аст. Албатта, дар оянда мумкин аст ба ҳар ҳол ӯ аз мансаби раёсатҷумҳурӣ канор равад.

Алексей Бычков, раиси департаменти ИДМ-и муассисаи мутолиоти сиёсӣ мувофиқ аст, ки баҳс дар мавриди тағйири раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ҷойи баҳс нест. Бо ин ҳол, ба назари ӯ, раиси ҷумҳури нави Тоҷикистон метавонад дар васиятномаи Эмомалӣ Раҳмон эълом шавад. Ба гуфтаи мутахассис, наздиктарин шахси президенти кунунӣ метавонад ҷумҳуриеро, ки дар асари аз даст додани падар ятим шудааст, идора кунад.

Ба ҳар ҳол, бисёре аз мардум фаҳмидаанд, ки ҳозирҳо "рекламаи густурдае " барои писари Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, ки дар ҳоли ҳозир шаҳрдори Душанбе аст, сурат мегирад.

Баргузории референдуми конститутсяи 2016 - ки дар натиҷаи он маҳдудияти синнии номзади раёсатҷумҳурӣ аз 35 сол ба 30 сол коҳиш ёфт – фикри додани сареъи қудратро таъйид мекунад. Бадеҳӣ аст, ин қонун ба Рустами Эмомалӣ иҷоза хоҳад дод, ки президент шавад. Ӯ дар моҳи декабр 31 сола шуд.

Ҳатто агар Раҳмон ба таври расмӣ аз президентӣ истеъфо диҳад, ба хотири унвони модомулъумрии пешво будан, ҳамчунон бар сари қудрат мемонад. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 тавассути намояндагони маҷлис ба президентии доимӣ ва модомулъумрӣ ҳукм гирифт.

Ин унвон, ба Эмомалӣ Раҳмон иҷозат медиҳад, ки дар мавриди масоили амниятӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба мақомот давлатӣ ва миллат ҳукмронӣ кунад. Ӯ ҳамчунин метавонад дар нишастҳои давлат ва ҷаласоти шӯрои амнияти миллӣ ва парлумон иштирок кунад. Аммо муҳиммтар аз ҳама ин аст, ки ин унвон ба Раҳмон ҳаққи ВЕТО барои муҳиммтарин масоили давлат ва кишварро медиҳад.

Манбаъ: http://www.stanradar.com/news/full/33715-kogda-emomali-rahmon-mozhet-ujti-s-posta-prezidenta-tadzhikistana.html

general.images