Оё Тоҷикистон мубориза бо мақомоти фосиду порахӯрро аз Қирғизистон ёд мегирифта бошад?

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз оғоз мусодираи дороиҳои мақомоти фосиду порахӯри ин кишвар хабар дод.

Қирғизистон шоҳкоре анҷом дод, ки дар таърих номи худро гузошт ва таҳсину офарангӯии ҷаҳонро барангехт. Қирғизистон бо мақомоти фосиду порахӯр муборизаро оғоз кард ва бонки махсусе барои мусодираи пулҳои аз порахӯрӣ ва дуздӣ ҷамъшударо ба ҳисоби давлат баргардонда, онро дар ободии Қирғизистон сарф мекунад.Оё мақомоти Тоҷикистон ба хусус Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистонро сармашқ қарор медода бошанд? Маълум аст ки ҳаргиз ин корро нахоҳанд кард; чароки аввалан порахӯртарин ва фосидтарини мақомоти Тоҷикистон худи Эмомалӣ Раҳмон аст ва дувуман инки авлои муғулҳо ва қалуғҳо (яъне Э.Раҳмон) ҳаргиз дилашон барои Тоҷикистон намесӯзад ва танҳо чизе ки ба онҳо аҳамият дорад, пулу кайфу сафои худашон аст.Аммо агар Тоҷикистон бо мақомоти фосиду порахӯр монанди Қирғизистон мубориза барад, пулеро ки мусодира мешавад, қатъан ба беш аз 5 миллиард доллар хоҳад расид. Бо ин пул мешавад тамоми Тоҷикистонро гулгулшукуфон карда, сатҳи некӯаҳволии мардумро боло бурд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Форснюз, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз оғоз мусодираи дороиҳои мақомоти фосиду порахӯри ин кишвар ва 1.4 миллион доллар ба ҳисоб банки махсуси мубориза бо фасод хабар дод. Маркази матбуоти кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз интиқоли аввалин маблағ ба ҳисоби бонки махсуси давлат хабар дод. Дар паёми расмии маркази матбуоти кумитаи амнияти миллии Қирғизистон омадааст: тибқи дастури кобинаи вазирон аввалин маблағ ба мизони як миллиону 400 ҳазор доллар ба ҳисоби вижаи амволи ҳосилшуда аз мубориза бо фасод мунтақил шуд ва тамоми ин маблағ дар қолаби амалиёти мубориза бо фасод дарёфт шудааст ва қарор аст ҳамаи маблағҳои ҷамъшуда барои барномаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар истифода шаванд. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images