Оё террори Э.Раҳмон ҳақиқат дорад, ё ин ҳам спектакли навбатии мавсуф аст?

Оё террори Э.Раҳмон ҳақиқат дорад, ё ин ҳам спектакли навбатии мавсуф аст?

Эмомалӣ Раҳмон бозингар ва актёре аст, ки роли мазлумият ва бечорагию бегуноҳии худро хуб бозӣ мекунад ва ҳамеша дар нақши муҳим аст. Агар ӯ актёр мешуд, шояд ҷоизаи “ОСКАР”-ро мебурд!?

Дар терроре ки ҳеҷ кас намурдааст, чӣ гуна террор мешавад? Агар террори сохтагӣ намебуд, агар террори воқеӣ мебуд, ҳадди ақал даҳҳо нафар кушта мешуданд. Аммо дар моҷарои ба истилоҳ сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, асли субъект ки Эмомалӣ Раҳмон бошад, ранги фил аст ва фақат як харош бардоштааст.

Ин дақиқан сохтакориие аст, ки дар филмҳои ҳоливудӣ зиёд мебинем ва қаҳрамони достон баъд за инфиҷори маҳибу қатли ҳазорон инсон, бо як хароши хурдакак аз даруни инфиҷор ва қатл шудани масалан як шаҳр комилан солим мебарояд.

Режисёр (коргардон)-и ин филм худи Эмомалӣ Раҳмон аст бо нақши аслӣ, ки боз ҳам худи мавсуф аст. Суол ба миён меояд, ки чаро Э.Раҳмон ба террори сохтагӣ ва ба истилоҳ суиқасди худ даст зад?

Чаро Эмомалӣ Раҳмон ба сӯиқасди сохтагии худ даст зад?

Ин филм соли 1997 сохта шуд, дуруст баъд аз 4-5 сол президентии Эмомалӣ Раҳмон ва ӯ бояд президентиро тарк мекард ва каси дигаре ба ҷои ӯ меомад. Эмомалӣ Раҳмон бо коргардонии суиқасд ба ҷони худ мавориди зер манзураш буд:

1- худашро ба халқ бегуноҳу мазлуму бечора нишон диҳад, то мардумро ҳамроҳи худ кунад ва худро ғамхори мардум ба ҳисоб орад,

2- душмантарошӣ кунад, то мардум ҳамеша аз ӯ ҳимоят карда, душмани ӯро ноҳақ донанд.

3- вуҷуди душман барои тарсондани мардум ва бақои ҳукумат як тактикаи бисёр ҷавобдиҳанда аст. Эмомалӣ Раҳмон бо тарсондани мардум ва ҳамеша дар тарс нигоҳдоштанашон ҳукумати худро суғурта карда, ба умри он меафзояд.

Ҳамонтавре ки имрӯзҳо низ 24 соата аз душман суҳбат мекунад, ва мегуяд шукрона кунед, ки агар Худо сояи маро аз сари шумо кам кунад, ҷанг мешавад.

4- ӯ бо ин тавр суханҳою моҷароҳо, зеҳни мардумро аз проблемаи аслӣ ки бекорӣ, муҳоҷирати кории беш аз ду миллион шаҳрванди ҶТ ба Русия, ва ҳазорон проблемаи дигар мегурезонад, то мардум аз ин проблемаҳо гап назананд.

Мардум агар аз проблема гап зананд ва ҳаққи худро талаб кунанд, гапзан ва ҳақталаб зиёд мешавад. Ҳақталаб зиёд шавад, ҳукумат дигар ҳеҷ ҷавобе барои онҳо надорад, барои ҳамин бояд ҷоро холӣ кунад. Ҷоро холӣ кардан барои Эмомалӣ Раҳмон баробар бо марг ва нобудии ӯ ва ҳамаи решаю пайвандаш аст. Барои ҳамин бо чангу дандон ба ҳукумат часпидааст, то онро ба ҳар тариқе ки шуда, нигаҳ дорад, ҳатто агар сабаби кушта шудани Озодаю Рустаму Сомону дигару дигараш шавад.

Сиддиқи Акбар

general.images