Оё режими Раҳмон маҷбур шудааст сиёсатҳои саркубу фишори худро тағйир диҳад?

Додани иҷозати сафар ба Ҳамза, ба аҳли оилаи Шабнам Худойдодова чӣ маъно дорад? Баъзе бар ин назаранд, ки ин ду тасмим аз тағйири сиёсат ва дар умум фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон баъди чандин соли саркӯбҳо дарак медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, нақл аз сомонаи Ахбор, Додани иҷозати сафар ба набераи роҳбари мухолифин Муҳиддин Кабирӣ ва инак, ба аҳли оилаи Шабнам Худойдодова чӣ маъно дорад? Тарафдорони ҳукумат инро намунаи ҳусни нияти ин ҷониб ва мухолифин натиҷаи фишору эътирозҳои худ мешуморанд. Аммо ба назари гуруҳи сеюм, ин ду тасмим аз тағйири сиёсат ва дар умум фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон баъди чандин соли саркӯбҳо дарак медиҳад.Дар ин чанд рӯзи охир ҳамагон шоҳиди ду ҳодисаи соле ва ҳатто моҳе пеш боварнокарданӣ шуданд. Рӯзи 1 август мақомоти ОВИР ба Ҳамза Тиллозода – набераи чорсолаи роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ ва ба модари Ҳамза – Мижгона Зайниддинова шиносномаи хориҷӣ доданд ва ин зан, ки бо кӯдаконаш се сол боз ҳаққи хуруҷ аз қаламрави Тоҷикистонро надошт, алакай рӯзи 2 август писари маризи саратонашро барои табобат ба Туркия бурд.Рӯзи 4 август мақомот модар, бародар ва духтари Шабнам Худойдодова, як узви собиқи "Гуруҳи 24” – боз як созмони мухолифи дар Тоҷикистон мамнӯъро аз ҳавопаймои Душанбе -Алма-Ато фароварданд ва дар санади расмие, ки ба онҳо доданд, навиштанд, ки онҳоро ба далели вуҷуди номашон дар ... рӯйхатти ашхоси таҳти кофтуков ба ин парвоз роҳ надоданд.Аммо баъди ҳамагӣ чанд рӯз – санаи 10 август намояндаи Кумитаи амният шахсан ба назди модари Шабнам Худойдодова – Гулиҷамиламо Худойдодова омада, аз номи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов аз онҳо узр хост ва қазияи рӯзи 4 август дар фурудгоҳи Душанберо "як нофаҳмӣ” номида, ба дасташон чиптаҳои нави парвози Душанбе -Алма-Аторо дод ва гуфт, ки онҳо метавонанд бидуни ягон мамониат ба ҳар куҷое ки бихоҳанд, сафар кунанд.Тарафдорони ҳукумат ин тасмимҳо, бахусус таҳияи аснод барои сафари набераи Кабириро, ки аз бемории саратон ранҷ мекашад, намунаи башардӯстӣ (гуманизм)-и мақомоти Душанбе унвон мекунанд ва аз наздикони Ҳамза тақозо ҳам карданд, ки барои муҳайё сохтани шароити ин сафар ба ҳукумат изҳори ташаккур кунанд.Ҷониби мухолифин, ки баъди ноил шудан ба сафари Ҳамзаву модараш ва қазияи аз ҳавопаймо фаровардани аҳли оилаи Шабнам Худойдодова, як ниҳоди вижаеро бо номи Ситоди наҷоти гаравгонҳои сиёсии Тоҷикистон ташкил додаанд, бештар аз худ меболанд ва иҷозати сафар ба даст овардани набераи Кабирӣ ва хешовандони Шабнам Худойдодоваро натиҷаи маъракаҳои густардаи эътирозие мешуморанд, ки дар хориҷ ва асосан дар Аврупо ба роҳ андохтанд.Аммо Меҳрубон Сатторов, як узви даар гузашта фаъоли "Гуруҳи 24”, ки дар поёни моҳи июн ба Тоҷикистон баргашт ва аз ҷониби мақомот мавриди афв қарор гирифт, ин ду ҳодисаи ахирро аломати тағйири фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон мешуморад.Меҳрубон Сатторов дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: "Духтари Шабнам Худойдодова Фотима ҳамроҳи бибиаш аз фурудгоҳи Душанбе ба Алма-Ато парвоз карданд. Дар Тоҷикистон фазои сиёсӣ тағйир ёфта истодааст ва инро ҳатто кӯр ҳам мебинад.”Začátek formulářeҲамсафони собиқи Сатторов ин ақидаи ӯро ба боди танқид кашида гуфтанд, агар сафари Ҳамза ё Фотима дар натиҷаи тағйири фазои сиёсист, на маъракаҳои эътирозии мухолифин, пас чаро мақомот бо ташаббуси худ, барои мисол, Зайд Саидовро аз зиндон озод намекунанд?Аммо Иззат Амон, ҳуқуқдони тоҷики муқими Маскав навиштааст, "сиёсат дар атрофи Тоҷикистон иваз шуд ва Душанбе низ чорае ҷуз даст кашидан аз тасмимҳои бемаъние, ба мисли аз ҳавопаймо фаровардани кампиру набераи хурдсолаш надорад.”Иззат Амон бо ишора ба Шавкат Мирзиёев, ки дар зарфи камтар аз ду сол имиҷи Ӯзбекистонро комилан тағйир дод, изҳори умед кард, ки баъди ба мақоми президентӣ омадани Рустами Эмомалӣ фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон бо суръати боз бештаре иваз хоҳад шуд.Ишораи Иззат Амон ба Рустами Эмомалӣ беасос нест. Қарори маълум, дар таркиби ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша дастикам ду ҷиноҳ дошт, ки якеро метавон уқобҳои ҷангӣ, ё ба таъбири русӣ, ястребы ном доду дигареро – кабӯтарҳо. Уқобҳои ҷангӣ, ки аз мавқеи комилан решакан кардани ҳар навъ мухолифат ва саркӯби озодиҳои сиёсиву демократӣ рафтор мекунанд, чанд соли охир дар ҳукумат дасти боло доштанд, ки натиҷааш аз манъи фаъолияти ҲНИТ то фишор ба хешовандони мухолифони ҳукуматро дар мисоли Ҳамзаву Фотима ҳама медонанд.Кабӯтарон дар давраҳое, ки дасти онҳо боло мешуд, президент Эмомалӣ Раҳмонро ба бархе гузаштҳо дар масоили ислоҳоти демократӣ моил мекарданд, вале дар дастикам се соли охир дар ҳошия қарор гирифта буданд.Ба гуфтаи манобеи наздик ба ҳукумат, хушбахтона, Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳи президент ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳоло майли бештар ба ҷиноҳи кабӯтарон нишон медиҳанд, чунки ҳамчун намояндаи насли нав мефаҳманд, ки танҳо натиҷаи сиёсати саркӯби таъқиб пойин рафтани обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамчун як режими худкома ва ҳатто диктаторӣ ҷилвагар шудани ҳукумати имрӯза хоҳад буд. Ва дамидани боди ислоҳот дар Ӯзбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев Тоҷикистонро дар минтақаи бо режимҳои худкомааш ном баровардаи Осиёи Марказӣ бештар аз ҳама ангуштнамо мекунад.Бино ба ҳисобҳо, дар се моҳи охир ҳудуди 200 тан аз тарафдорони гуруҳҳои мухталифи ҳукумат ба Ватан баргардонда шуда, бар асоси эзоҳи зери моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва узвият дар созмонҳои расман мамнӯъ), моддаи асосие, ки ба зидди мухолифон бар асоси он парванда мекушоданд, мавриди афв қарор гирифтаанд.Тарафдорони мухолифин имрӯз онҳоеро, ки бо истифода аз имкони афв ба Тоҷикистон баргаштанд, санг мезананд, ки мо чӣ гуноҳ дорем, ки бояд афв шавем?Ҷолиб ин аст, ки дар ин маъракаи афви инфиродӣ, ки бахусус дар чанд моҳи охир вусъат гирифт, нақши пештозро ду раёсати ВКД – раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП ё шӯъбаи шашум) ва раёсати кофтукови ҷиноӣ доранд. Сардорони ин ду раёсат Шодӣ Ҳафиззода ва Шоҳрух Саидзода (ДАР АКС)-ро бисёриҳо ду узви командаи ояндаи Рустами Эмомалӣ ном мебаранд.Дар тасмими ахир – додани иҷозати сафар ба аҳли оилаи Шабнам Худойдодова – ташаббусро ба дасти худ гирифтани раиси КДАМ Саймӯмин Ятимов баёнгари он буда метавонад, ки ҷаноби Ятимов низ ҳамчун як сиёсатмадори собиқадор ва доно тағйири самти бод дар арши сиёсии Душанберо эҳсос кардааст.Ва агар КДАМ низ акнун бо дарназардошти, ба таъбири Меҳрубон Сатторов, "тағйири фазои сиёсӣ дар Тоҷикистон” тағйири мавқеъ кунад ва ба ҷиноҳи кабӯтарон наздик шавад, ин ба сари худ қадаме хеле мусбат аст ва метавон гуфт, ин моро дар пешорӯи як "гайкакушоӣ”-и навбатӣ қарор медиҳад. Албатта, набояд ҳанӯз чашмдори тағйироти бузург ва якбора сар додани домани ҳама озодиҳои демокративу аз ин чизҳо шуд, вале ба ҳар сурат, ҳар қадаме ки ба сӯи беҳбудӣ гузошта мешавад, хоҳ хурд аст, хоҳ бузург, қадами мусбат аст.Ва Худо кунад, ки чунин бошад, чунки ин сиёсати таъқиб ва саркӯб, ки дар назария бо илҳом аз ақидаҳои дақёнусии 500 сол пеши Макиавеллӣ ва дар амал ба пайравӣ аз НКВД-и солҳои 30-юми асри гузашта буд, дар асри 21 хеле музҳик ба назар меомад ва Тоҷикистонро, мутаассифона, дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рангҳои хеле манфӣ ҷилвагар мекард.

general.images