Оё КДАМ ки гуфтааст “Тамоми хонаводаатонро кушта нест мекунем” воқеан ин корро анҷом медиҳад?!

Намояндаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Насруллоҳ Қурбонови 58-сола, падари фаъоли сиёсӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Иззатуллоҳ Қурбоновро ба бинои шӯъбаи ин кумита даъват ва шиканҷа кардаанд.

Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ (КДАМ) як сохтори амниятие аст, ки раиси он шахсе ба номи Саймумин Ятимов аст. Раиси ҳар ниҳоде чӣ шахсияте дошта бошад, дар ҳамон ниҳод ҳамон афкору шахсияташ ҷорӣ мешавад. Яъне афкор, рафтор ва ҳатто гуфтори ҳамон ниҳод низ ҳамааш монанди касе мешавад, ки раиси он бахш ё ниҳод бошад. Барои инки мо КДАМ-ро шиносем чӣ корҳое анҷом дода метавонанд, пеш аз ҳама бояд шахсияти Саймумин Ятимовро баррасӣ кунем, то ба натиҷаи яқинӣ расем.Шахсият ва характеристикаи Саймумин ЯтимовСаймумин Ятимов аз назари шахсиятӣ инсони уқдаӣ (комлексный и душевно больной) аст. Инсоне аст, ки ҳатто бо зану фарзанди худаш мушкили ахлоқӣ дорад. Инсони хушку хашину зебр аст ва заррае аз раҳмдилию нармию мулоимат дар ӯ нест. Инсоне ки нисбат бо зану фарзанди худаш номеҳрубону хашину хушк бошад, нисбат бо дигарон ваҳшию дарранда мешавад. Инсоне ки заррае аз раҳму утуфату раҳмдилӣ дар ӯ набошад, ба фармудаи ҳазрати Муҳаммад (с) инсоне дур аз раҳмати Илоҳист. Ҳазраташ (с) дар калимоти гавҳарбораш мефармоянд: “Касе ки раҳм накунад, аз ҷониби Худованд мавриди раҳм қарор намегирад”. Саймумин Ятимов бо хашину сангдил буданаш, ки ҳама аз он огоҳанд, ба хусус инҷониб, ӯ аз раҳмати Илоҳӣ ба дур аст ва лаънатшудаи Худост.Хусусият ва характеристикаи инсонро ҷаҳонбиниаш шакл медиҳад. Ҷаҳонбинии ҳар шахсе дар миқдор ва мизони инсоният, маданият ва рафтору кирдору амали ӯ таъсир мегузорад. Бар ҳамин асос аст, ки Қуръон мефармояд: “Ҳар инсоне бар асоси шокила (ҷаҳонбинӣ, идеология, сохтор ва рафтору кирдор )-аш амал мекунад”. (Сураи Исро, ояти 84)Дар бораи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи Саймумин Ятимов бо камоли бовар изъон мекунам, ки инсони комилан бедин аст ва Худову қиёматро заррае қабул надорад. Дар марги модараш, вақте гуфтанд ки иҷоза диҳед ҷанозаро хонем, гуфт: “беҷаноза баред ҳамонхел гӯр кунед, чун на Худо аст, на қиёмат! Ва ин гапҳо ҳамааш дурӯғ аст”. Ин, сухане аст, ки инҷониб аз одаме бо ду гӯши худам шунидам ки дар ҷанозаи модари Саймумин Ятимов иштирок карда ин гапҳоро шунидааст.Инсоне ки аз Худо натарсад ва ба қиёмат бовар надошта бошад, инсони бениҳоят хатарнок мешавад; чароки ба қиёмат эътиқод надорад то тарс аз гуноҳ дошта бошад. Ба Худо бовар надорад, то аз гуноҳ дурӣ ҷӯяд. Чунин инсоне ваҳшитар аз ҳар даррандае мегардад ва танҳо чизе ки барояш аҳамият дорад худаш аст. Ҳар чизе ғайри худро ночиз медонад ҳатто агар инсон бошад. Ва ҳар коре ки хоҳад анҷом медиҳад ва барои инки ба хостаи худ бирасад агар аз дасташ ояд тамоми оламро фидо мекунад то худаш ба хостааш расад.Дар ривоят омадааст, ки :”Битар аз касе ки аз Худо наметарсад”. Чароки чунин инсоне инсон нест, балки ҳайвони ваҳшии даррандахӯи инсонсурат аст. Чунин инсоне аз ҳазорон гург даррандатар аз ва ҳазорон шағол шағолтар аст.Бо чунин таҳлиле метавон ба ин натиҷа расид, ки Саймумин Ятимов, ки як шахси номутаодил, зидди Худову қиёмат ва даррандаи ваҳшии инсонсурат аст ва аз он ҷиҳат ки раиси КДАМ аст, ин ниҳод таҳти фармони ӯ бераҳмтарин, қотилтарин, шиканҷагартарин, террористарин ниҳод метавонад бошад ва сухане ки гуфтаанд, “агар писаратон аз фаъолиятҳояш даст накашад ва ба кишвар бар нагардад, ҳамаи оилаатонро бо кӯдаконатон нест мекунем” амал мекунанд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Паём, Субҳи 3-уми сентяби соли ҷорӣ, намояндаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Мӯъминобод Насруллоҳ Қурбонови 58-сола, падари фаъоли сиёсӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Иззатуллоҳ Қурбоновро ба бинои шӯъбаи ин кумита даъват ва шиканҷа кардаанд.Тибқи иттилоъи манбаъ, сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Мӯъминобод дар рафти бозпурсии Қурбонов, ҳамроҳи чанд тан аз ҳамкоронаш ӯро гоҳе зери мушту лагад гирифта, бо алфози қабеҳ дашному таҳқир кардааст. Пеш аз ин, санаи 31-уми августи соли ҷорӣ низ ӯро даъват карда, гуфта буданд: «Писари ту хоин аст, дар Аврупо бо ҳамроҳии роҳбари хоинаш Муҳиддин Карбирӣ аст. Бар зиди ҳукумат ва пешвои муаззами миллат дар интернет ҳар гуна суханҳо нашр мекунад. Агар писарат аз ин корҳояш даст накашад ва пушаймон шуда, ба Ватан бар нагардад, тамоми аҳлу оилаатонро бо ҳама кӯдаконатон мекушем!»Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images