Оё камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, ё ин сухан дурӯғи дигарест, ки халқ ба он одат кардааст?

Э.Раҳмон хабар дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст ва ин дар ҳоле аст, ки сатҳи зиндагии бештари аҳолии Тоҷикистон бадтар аз қабл шудааст.

Чанд рӯз пеш, Э.Раҳмон бо хунсардии комил хабар дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст ва ин дар ҳоле аст, некӯаҳволӣ ва сатҳи зиндагии бештари аҳолии Тоҷикистон бадтар аз қабл шуда ва бепулию бекорӣ дар Тоҷикистон ба фалак расидааст.Тоҷикистоне ки беш аз 40 дарсади аҳолиаш (бино бар омори расмии Тоҷикистон) дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва бепулию бекорӣ дар дохили Тоҷикистон рӯз то рӯз бештар мешавад, чигуна сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад? Оё сатҳи камбизоатӣ худ ба худ коҳиш меёбад ва бадтар шудани вазъи иқтисодии аҳолии кишвар метавонад сабаби коҳиши камбизоатӣ шавад? Мардум дар ҳайрат мондаанд, ки сухани бемантиқонаи Э.Раҳмонро бовар кунанд, ё шиками гуруснаю ҷайби холии худро?!Яқинан ин як дурӯғи ошкори дигарест, ки Эмомалӣ Раҳмон бар забон ҷорӣ кардааст. Агар ин сухан рост мебуд, Тоҷикистон боз бори дигар ҷузви фақиртарину камбизоаттарину қашшоқтарин кишвари дунё дар соли 2017 муаррифӣ намешуд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Фергананюз, Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тайи ду соли охир, ба андозаи 1,3% коҳиш ёфта, ба маблағи 29,7% дар аввали соли 2018, дар ҳоле ки сатҳи камбизоатӣ 14% аст. Дар ин бора рӯзи 3 июл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Рушд хабар дод, меоварад Фергананюз.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи АкбарМанбаъ: Фергананюз

general.images