Ошкор шудани асардуздии раиси вилояти Хатлон дар рисолаи номзадиаш

пойгоҳи "Диссернет” раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзодаро ба асардуздӣ дар рисолаи номзадии айбдор кард. Як бахши дигари рисолаи ӯ аз мадҳу ситоиши Эмомалӣ Раҳмон иборат аст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, бар асоси иттилои расонаҳои Тоҷикистон, пойгоҳи "Диссернет” раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода (Гулмаҳмадов)-ро ба асардуздӣ (плагиат) айбдор кард. "Диссернет” дар рисолаи номзадии Гулмаҳмадзода 165 мавриди сирқат аз асарҳои 4 олими дигарро пайдо карда, навиштааст, як бахши дигари рисолаи ӯ аз мадҳу ситоиши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иборат аст. Пойгоҳи интернетии "Диссернет”, ки ба таъқибу кашфи мавридҳои асардуздӣ (плагиат) дар рисолаҳои илмии дар Русия ҳимояшуда машғул аст, раиси вилояти Хатлони Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода (қаблан – Гулмаҳмадов)-ро низ ба асардуздӣ айбдор кард. "Диссернет” пештар дар бораи асардуздии 5 ба номи "олим”-и дигар аз Тоҷикистон хабар дода, навишта буд, ки Шӯроҳои илмӣ унвони номзади илми ду нафари онҳоро алакай бекор кардаанд."Диссернет” дар рисолаи илмии Давлатшо Қурбоналиевич Гулмаҳмадов (ҳоло – Гулмаҳмадзода), ки 12 декабри соли 2009 дар мавзӯи "Управление земельными ресурсами трудоизбыточного региона в условиях аграрной реформы (на материалах сельского хозяйства Таджикистана)” ҳимоят карда, унвони номзади илмҳои иқтисодиро ба даст овардааст, дастикам 165 мавриди бидуни зикри манбаъ рӯбардор кардани рисолаҳои дигарон, аз ҷумла рисолаи роҳбари илмиаш Хуршед Давлатовро ошкор кардааст."Диссернет” менависад, як паҳлуи дигари ҷолиб дар рисолаи Гулмаҳмадзода мадҳу ситоиши фаровон аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон будааст. Шахспарастӣ ҷанба ва арзиши илмӣ надорад ва маъмулан дар рисолаҳои илмӣ аз мадҳу ситоиш бояд парҳез кунанд.Вале Гулмаҳмадзода тавонистааст мадҳу ситоишаш аз президентро низ "ҷанбаи илмӣ” пӯшонда, ҳамчун кашфиёти илмӣ дар рисолааш ҷой кунад: Фошкориҳои ахири Диссернет дар бораи асардуздии олимони тоҷик бори дигар масъалаи бо роҳутариқе чунин афзудани шумораи олимони унвондор дар Тоҷикистонро вирди забон кард.Моҳи декабри соли 2017 Шӯрои диссертатсионии муштараки Донишгоҳи федералии Балтия, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Русия ва Донишгоҳи федералии Тула дархости пойгоҳи "Диссернет”дар бораи аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кардани ассистенти кафедраи ҳуқуқиҷиноии риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зафар Сафаралиевич Тайфуровро баррасӣ кард. Аз 17 узви Шӯро 15 нафар аз пешниҳоди аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кардани Зафар Тайфуров овоз дода, танҳо ду нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ кардаанд.Ҳамин тавр, Шӯрои экспертии ВАК Русия ҳанӯз моҳи декабри соли 2016 қарори Шӯрои диссертатсионии Донишкадаи масоили аграрӣ ва информатикаи Русия ба номи А.А.Никонов дар мавриди аз унвони номзади илмҳои иқтисод маҳрум кардани Назрулло Исматович Амировро тасдиқ кардааст. Аз 17 узви Шӯрои диссертатсионӣ 13 нафараш ба ҷонибдорӣ аз маҳрум кардани ин олими тоҷик аз унвони илмӣ овоз додаанд.Пойгоҳи "Диссернет” дар бораи дастикам 5 мавриди рисоладуздии олимони тоҷик хабар медиҳад, вале мегӯяд, шумори аслии чунин дуздиҳои илмӣ дар Тоҷикистон метавонад ба маротиб бештар бошад.Ин бори аввал нест, ки масъалаи мисли замбурӯғи баъди борон зиёд шудани шумораи номзадҳову докторҳои илм аз Тоҷикистон мавзӯи баҳс ҳатто дар сатҳи давлатӣ мешаванд.Ду сол пеш ҳатто сарвазири Русия Дмитрий Медведев дар як нишасти илмӣ изҳори ҳайрат карда буд, ки чаро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ин кишвар аз нигоҳи шумораи рисолаҳои докторӣ аз бузургтарин марказҳои илмии Русия пешдасттар шудааст?

general.images