Осиёи марказӣ ба "қуруни вусто" бармегардад?

Коршиноси масоили Осиёи марказӣ муътақид аст, ки ҷумҳуриҳои ин минтақа ба ҷуз Қирғизистон, бо модомулумр кардани қудрат,

Коршиноси масоили Осиёи марказӣ муътақид аст, ки ҷумҳуриҳои ин минтақа ба ҷуз Қирғизистон, бо модомулумр кардани қудрат, ба даврони қуруни вусто (асри миёна) бармегардад. Малик Мансур бо ишора ба талоши мақомоти Туркманистон ва Тоҷикистон барои ислоҳи қонуни асосии ин кишварҳо, ки роҳро барои ҳузури бидуни маҳдудияти сарони феълии ин ду ҷумҳурӣ дар қудрат фароҳам хоҳад кард, ин иқдомро бозгашт ба даврони қуруни вусто арзёбӣ кард.Вай афзуд: "Пеш аз ин низ дар Қазоқистон ва Узбакистон чунин тарҳҳое иҷро шудаанд, ки аз дидгоҳи коршиносон, заминаи ҳузури сарони феълии ин кишварҳоро дар қудрат то замони зинда буданашон фароҳам месозад".Ба гуфтаи ин коршиноси масоили сиёсии минтақа, аз сӯйи дигар, бо ин навъ барнома мақомоти ҳукуматӣ дар чаҳор кишвари Осиёи марказӣ ба ғайр аз Қирғизистон, қасд доранд қудратро меросӣ кунанд то заминаи ҳузури фарзандони руасои ҷумҳурии феълии Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар олитарин маснади мудириятӣ дар ин ҷумҳуриҳо фароҳам гардад.Малик Мансур авоқиби ин сиёсатро барои минтақаи Осиёи марказӣ бо ҷамъияте беш аз 60 миллион нафар, ногувор хонд ва онро муҷиби ақибафтодии иҷтимоӣ донист. Зеро барои пешрафт ва тавсеаи кишварҳо, ба андеша ва дидгоҳҳои ҷадид ниёз аст, дар ҳоле, ки бо меросӣ шудани қудрат, сиёсати ҳукуматҳои қаблӣ идома хоҳад ёфт ва ҳеч тағйире дар зиндагии мардуми Осиёи марказӣ эҷод нахоҳад шуд.Вай ҳамчунин муътақид аст, ки сиёсати фишор ва маҳдудият дар қиболи мусалмонони Осиёи марказӣ ва ба вижа насли ҷавон, ки худро дар тарошидани риши мардон ва ситез бо ҳиҷоби исломии бонувон нишон додааст, заминаи гароиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротие назири ДИИШ ва иқдом ба анҷоми амалиёти интиҳорӣ дар Сурия ва Ироқ фароҳам сохтааст. Дар ҳоле ки то чанд соли қабл даст задан ба ин навъи иқдомот аз насли ҷавони Осиёи марказӣ қобили тасаввур набуд. 

general.images