Ончи байни ҳайати ҳукумат ва мухолифин дар Варшава гузашт ё фитнае ки ноком монд

Мухолифин эҳсос карданд, ки овардани ду узви собиқи ҲНИТ дар ҳайъати расмӣ ҳатман ‘’сюрпризе’’ дорад ва аз қабл ба нафарони худ дастур доданд, ки бо ҳайати ҳукумат бо камоли эҳтиром рафтор шавад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Паём, ҳанӯз қабл аз нишасти Варшава тарафҳо омодагӣ барои чунин ҳолат доштанд. Ҳукумат эълон кард, ки ‘’ҳайати қавӣ’’ мефиристад ва ‘’сюрпризҳое’’ барои мухолифин доранд. Мухолифин эҳсос карданд, ки овардани ду узви собиқи ҲНИТ дар ҳайъати расмӣ ҳатман ‘’сюрпризе’’ дорад ва аз қабл ба нафарони худ дастур доданд, ки бо ҳайати ҳукумат, ба хусус, бо собиқ ҳамсафони худ бо камоли эҳтиром рафтор шавад. Мушаххас буд, ки ба Варшава овардани ду пирамард, ки ба ягон забони расмии САҲА сӯҳбат карда наметавонанд, (ба дигар забонҳо тарқумаи ҳамзамон вуҷуд надорад) , ба хотири чӣ аст? Муддати сӯҳбат ҳам барои ҳар як нафар 2 то 2,5 дақиқа аст. Агарчӣ, худи ҳукумат инро сюрприз номид, ҳар таҳлилгари холис метавонад инро фитна ва ё провокатсия номад. Маънии дигар надорад ду пирамардро назди ҳамсафони собиқашон овардан, ин ҳам дар сурате, ки чанд рӯз пеш ин ду ҳар чӣ ҳукумат мехост алайҳи дӯстони собиқи худ гуфта буданд. Аммо, мухолифин барои чунин барномаи мисле, ки омодагӣ доштанд ва аз рӯзи аввал (хатто, аз фурӯдгох) бо ҳайати ҳукумат бе шеваи ҳамватанӣ ва дӯстиву рафоқат муносибат карданд. Аксҳо ва наворҳои нашршуда аз мулоқотҳои намояндагони мухолифин бо ҳайати ҳукумат ва ҳатто, навори ҳамин ҳодиса ҳам нишон медиҳад, ки фазо он тавр нест, ки ‘’сюрприз’’—е дар пай дошта бошад. Ҳатто, нисбати Домулло Айемуддин Сатторов бо як эҳтироми хосса рафтор шуд ва ҳамагон ӯро ба оғӯш кашиданд. Ба назари ман, сабаби аслии асабонӣ шудани бархе аз аъзои ҳайати ҳукумат ва чанд дақиқа баъд латукӯб кардани яке аз ҷавононро бояд ҳаминҷо ҷуст. Бархе аз таҳлилгарон навиштанд, ки шояд рафтори он ҷавон , ки ба дасти Айемиддин Сатторов варақро дод, боиси асабонияти ҳайати ҳукумат гашт ва набояд ин корро мекард. Ҳоло қабул кунем, ки ин ҷавон бояд оқибати ин корро меандешиду ба Сатторов ин варақро намедод. Вале, дод. Магар ҷиноят кард? Варақеро, ки ба садҳо нафар дар дохили толор ва хориҷ доданд, бо он варақ аксҳо гирифтанд (чун, моҳияти ин ҳаштаг додани варақ ба дасти як нафар ва акс бардоштан аз ӯ аст). Ин аксҳо дар ҳама ҷо нашр ҳам шуд. Ҳар кас ки нахоҳад, варақро намегирад ва мегӯяд, ки ман намехоҳам. Касе ӯро маҷбур намекунад, ки бо ин варақ акс бардорад. Аммо, асли масъала инҷо дар дигар чиз аст. Оё, домулло Айёмуддин Сатторов инсони мустақил, озод ва болиғ нест, ки худаш тасмим бигирад, то ин варақро қабул кунад ё рад? Чаро ин корро ба ҷои ӯ як корманди ҳукумат анҷом бидиҳад? Магар ин таҳқири худи инсони болиғ нест, аз дасти ӯ варақро кашида, маҷақ карда ба замин партофтан? Бигузор ин корро домулло худаш мекард. Масъала ҳам дар ҳамин ҷост, ки Домулло Айёмуддин як узви озоди ҳайат не, балки ҷузъи барномаи ‘’сюрприздор’’ буд. Асабонияти жандармҳои костюмпӯши ҳукумат ҳам дар ҳамин буд, ки касе ба домулло тунд нагуфт, таҳқир накард. Масъалаи дигар ин аст, ки мақомоти қудратии мо одат кардаанд ҳамеша аз мавқеъи қудрат сӯҳбат кунанд. Аз нигоҳи онҳо, бояд ҳамеша дасти боло дошта бошанд. Агар нерӯи ақл нарасид, нерӯи бозу истифода кунанд. Гоҳо ёдашон меравад, ки дар дохили кишвар нестанд. Он ҷавоне, ки озодона варақ паҳн мекунад, барояш дар Аврупо як кори оддӣ аст ва касеро дар инҷо лутукӯб намекунанд. Ин чизҳо дар зеҳни як амниятии тоҷик намеғунҷад. Вақти он расидааст, ки ҷанобони Ятимов ва Раҳимзода қабл аз фиристодани кормандони худ ба хориҷ болои онҳо каме кори равонӣ ва тарбиявӣ гузаронанд, то дипломатики тоҷикро то ин ҳад беобрӯ накунанд.Ду сол қабл дар конфронси Варшава як афсари дигареро фиристода буданд , ки дар ватан бисёриҳоро латукӯб карда будааст ва ҳатто, дар манзили яке аз мухолифин силоҳ гузошта, хост парванда боз кунад. Ӯро шинохтанд ва ба мақомоти САҲА шикоят бурда шуд. Ин афсар, ки зери чатри яке аз созмонҳои ғайридавлатӣ аз кишвар омада буд, маҷбур шуд аз конфронс фирор кунад. Имсол ҳамон ходиса такрор шуд ва эҳтимол дорад боз такрор шавад. То вақте, ки як афсари амниятӣ бипазирад, ки мухолиф будан, эътироз кардан ва таблиғ кардан ҷиноят нест, балки ҷузъи ҳуқуқи башар аст. Оне, ки ин як ҳодисаи нанговар буд, ҷои баҳс нест. Аммо, ҷои баҳс тарзи муносибат ба ин ҳодиса ва талош барои сӯистифода аз он аст. Ҳайати ҳукумат барои пешгирӣ аз оқибатҳои бади рафтори кормандони худ, талош кард ‘’пешхезӣ’’ кунад. Билофосила ба роҳбарияти САҲА мулоқот баргузор карданд ва даъво намуданд, ки мухолифин (онҷо бештар номи ҲНИТ— ро бурдаанд) ба онҳо хуҷум кардаанд ва бояд ҳайати ҲНИТ аз ҳақи ширкат дар конфронс маҳрум шавад. Табиист, ки мақомоти САҲА ба ин фарзияи аввал то ҳаде бовар карданд. Зеро, аз нигоҳи онҳо имкон надорад, ки як ҳайати расмӣ ва он ҳам таҳти сарварии муовини вазири хориҷа то ин ҳад дурӯғ бигӯяд. Аммо, баъди дидани наворҳо мавқеъашон тағйир кард. Ва на танхо мавкеъи дипломатхо, балки кормандони пулиси Лахистон хам. То ҷое, ки маълумот расид, ҳайати мухолифин ба ҷабрдидагон тавсия кардааст, ки ба пулис шикоят набаранд ва ин қазияи байнитоҷикӣ фаромӯш шавад. Аммо, баъд аз шикояти расмии ҳайати ҳукумат ба макомоти САҲА ва талош барои сӯистифода аз ин ҳодисаи нангин, ба пулис муроҷиат кардани онҳо ягона роҳе боқӣ монда буд ва тибқи хабарҳо ин кор анчом шудааст. Рафторҳои мақомоти Тоҷикистон қабл аз конфронси Варшава, шеваи омода кардани ҳайат, гоҳ қаҳр кардану гоҳ ҳайати ‘’қавӣ’’ фиристодан, дар ҳайат ворид кардани афроде танҳо ба хотири эҷоди фитна, баёнгари бӯҳрони амиқ дар сохторҳои тасмимигирандаи кишвар мебошад. Ин ҳама баёнгари он аст, ки ҳукумат дар фикри роҳи ҳал нест, дар фикри эҷоди ‘’сюрприз’’(фитна) —ҳост. Ҳол фарқ надорад ин фитна аз куҷо бармехезад ва бо чӣ меанҷомад. Муҳим, ки онҷо номи ‘’мухолифини хашин ва террорист’’ бошад. Фарқ надорад туристҳоро кӣ мекушад, мухим, ки ин ҷиноят ба номи мухолифини ҳукумат сабт шавад. Фарқ надорад дар Варшава чӣ мешавад, муҳим, ки онҷо ‘’сюрпризе’’ шавад ва ҷаҳон бинад, ки мухолифин ба ҳайати ҳукумат беадабӣ карданд. Аммо ҳарчӣ, ки зиёд шуд, аз марзану мантиқу инсоф гузашт, ҳам бемаънӣ мешавад ва ҳам алайҳи худи тараф мечархад. Айнан ҳамон чизе, ки ҳодисаи Варшава нишон дод.

general.images