ОМ дар 24 соати гузашта; аз бӯҳрони иқтисодии Тоҷикистон то муваффақиятҳои Узбакистон

Масдуд шудани 9 ҳазор сайти ифротӣ дар Қазоқистон, кӯмаки 100 миллион долларии Узбакистон ба Тоҷикистон бо ҳадафи тавсеъаи равобит ва эҳтимоли ташкили ширкатҳои низомии хусусӣ дар СПАД, танҳо бахше аз муҳимтарин ахбори Осиёи Марказӣ дар 24 соати гузашта мебошад.

Сентябр, оғози севвумин давраи бозиҳои ҷаҳонии ашоир дар ҚирғизистонСеввумин давраи бозиҳои ҷаҳонии ашоир, 2-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Ата оғоз мешавад.2.9 миллиард доллар ҳаҷми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар ибтидои 2018Вазири молияи Тоҷикистон, ҳаҷми қарзҳои хориҷиро беш аз 40 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ эълом кард.Кӯмаки 100 миллион долларии Узбакистон ба Тоҷикистон бо ҳадафи тавсеъаи равобитУзбакистон бо ҳадафи тавсеъаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ 100 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмаки молӣ кард.Сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон мансуб шудДар остонаи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон мансуб шуд.Ишқобод пойбанд ба асли "бетарафии доим" астПрезиденти Туркманистон гуфт: "Роҳбурди сиёсати хориҷии ин кишвар мубтанӣ бар усули бетарафӣ аст."9 ҳазор вебсайти ифротӣ тайи соли 2017 дар Қазоқистон масдуд шудВазири иттилоот ва иртибототи Қазоқистон гуфт: "Давлат 9 ҳазор вебсайтро дар соли 2017 ба далели таблиғи терроризм, ифротгароӣ, хушанат ва худкушӣ масдуд кард."Эҳтимоли ташкили ширкатҳои низомии хусусӣ дар СПАДМаркази баррасии амният ва тавсеъаи пойдори Русия ба СПАД пешниҳоде марбут ба эҷоди ширкатҳои низомии хусусӣ дар фазои кишварҳои узви ин созмонро ироа дод.Мубориза бо терроризм меҳвари ройзании мақомоти вазорати корҳои дохилаи Узбакистон ва ТуркияМақомоти вазорати кишвари Узбакистон ва Туркия густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд.Тошканд нақшофарини ҷадид дар субот ва амнияти минтақаБоздиди вазири корҳои хориҷаи Узбакистон аз Эрон, Ҳинд ва Покистон нишон медиҳад Тошканд ба дунболи нақшофаринии ҷадид дар ростои субот ва амнияти минтақааст.

general.images