Озмуни иншои беҳтарин дар бораи Пешвои миллат эълом гардид

Ба гузориши радиои Озодӣ, Кумитаи Ҷавонони Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин дар бораи Пешвои миллатро эълом намудааст.

Ба гузориши радиои Озодӣ, Кумитаи Ҷавонони Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин дар бораи Пешвои миллатро эълом намудааст.

Қарор аст дар ин озмун, муҳаққиқон ва донишҷӯён ширкат намуда ва барои навиштани беҳтарин иншо дар бораи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ба рақобат  бипардозанд.

Ба гуфтаи масъулони баргузоркунанда, озмун то 20 апрели соли ҷорӣ идома хоҳад дошт ва иншоҳои беҳтарин дар шакли як маҷмӯа ба табъ хоҳанд расид.

Агарчи ба гуфтаи баргузоркунандагон, аз ҷумла, Дилноза Аҳмадзода, сардори раёсати кор бо ҷавонони ин кумита, баргузории ин озмун боиси мутолиаи бештар ва ошноии онон бо корномаҳои раиси ҷумҳур мешавад, аммо мунтақидон мегӯянд, ин барнома, боз як намунаи дигари шахспарастӣ ва тақвияти бунёнҳои диктотурӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Ба назар мерасад, мусобиқаи тамаллуқ ва чоплусӣ, ки ба гуфтаи бархе, як амали фармоишӣ ва аз назари бархе дигар низ, як падидаи ирсӣ аз замони Шӯравӣ мебошад, дар Тоҷикистон, ҷиҳати хушгӯиҳо ва хушомадгӯиҳо аз раиси ҷумҳур ҳанӯз ба поён нарасидааст, аммо мушкили аслӣ ин ҷост, ки ин тамаллуқ ва хушгӯиҳо аз ҷониби аҳли фарҳанг ва адаби ҷомеа дар авҷ аст, ки нигаронии бархе аз нозиронро ба вуҷуд овардаст. Зеро ба гуфтаи онон, аҳли фарҳангу адаб, ки аз вазоифи муҳиммашон тарбият, бахусус тарбияти наслҳои ҷавон аст, бо ин хусусиёташон насли  ояндаи Тоҷикистонро ба беҳувиятии фарҳангӣ ва нобудии фикрӣ хоҳанд кашонд ва ононро чоплусу мутамаллиқ ба бор хоҳанд овард.

general.images