Одамкушӣ, кори ҳар рӯзаи КДАМ: Шаҳодати эшони Абдулфайз муборак!

Ҳамонтавр, ки қаблан дар мақолае таҳти унвони “КДАМ, КОРХОНАИ ОДАМКУШИИ ТОҶИКИСТОН” навишта будам, ки амнияти Тоҷикистон коре ҷуз куштани шермардон надорад, ин бор низ бар он таъкиди бештар мекунам ва шаҳодати эшони Абдулфайзро, ки маҳсули қатли ҳамин корхонаи одамкушӣ аст, табрик, ва ба бозмондагонаш таслият гуфта, сабри ҷамилро аз Худонванди Маннон барои онон хосторам!

Шаҳид шудан дар роҳи Худо ифтихори бисёр баланде аст, ки ҳар касро тавфиқи он нест. Шаҳид яъне касе, ки мазлумона, бедифоъ, дар садҳо занҷиру банд дар зиндони кофиртарин шахс-яъне Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим- барои ақида ва зулмситез буданаш кушта шавад.

Ҳодисаи воқеӣ аз зиндагии шаҳид Абдулфайз дар зиндон

Шаҳид Абдулфайз инсони бисёр хуб, бардаму бақувват, боимон, ботақво ва инсони бохудое буд. Ҳодиса ё хотирае, ки тақдиматон мекунам аз зиндоние аст, ки дар зиндон ҳамроҳи шаҳид Абдулфайз буд.

Ӯ мегӯяд:

Шаҳид Абдулфайз инсони бисёр бохудо ва аҳли тақво буд. Ӯ бисёр намоз мехонд ва бо Худо розу ниёз дошт. Албатта, ӯ намозҳояшро баҷоӣ мехонд, мабодо зиндонбонҳо намозхониро бинанд, чароки намозхонӣ дар зиндон ҷурм аст ва инсоне, ки намоз мехонад то ҳадди марг зери лату куби зиндонбонон қарор мегирад.

Дар яке аз рӯзҳо, ки шаҳид Абдулфайз намоз мехонд, тавассути зиндонбонон дида шуд. Гурӯҳе аз зиндонбонони бераҳм, бар сараш ҳамла карда яке бо по ва бо кафҳшои низомие, ки дар он оҳан кошта шудааст, дуввумӣ бо мушт, ки дар он занҷире барои задан, севумӣ бо лагад ва бо тамоми бераҳмӣ, чаҳорумӣ бо чуби бисёр сахт, ки махсуси аз по даровардани инсонҳои тануманд аст, панҷумӣ бо “дубинка” чунон ӯро мавриди зарб қарор доданд, ки ман гумон кардам ҳалок шуд.

Эшони Абдулфайз аз он зарбаҳо чунон дардманд шуда буд, ки тамоми баданаш сиёҳу кабуд шуда, гӯштҳои баданаш дарида шуда, устухонҳояш шикаста сараш чок шуда буд ва тавоноии ғизо хурдан ва ҳатто об нӯшиданро надошт. Шаҳид Абдулфайз то чанде баъд аз он монанди инсони карахт буд, ки мо гумон мекардем, дар асари зарба ба сараш мағзаш аз ҷо канда шуда, даркашро аз даст дода бошад.

Аммо ин номардҳо ҳатто ба ҷисми заиф ва бадани наҳифи ин шаҳиди роҳи Ҳаққ раҳм накарда, ҷони ӯро ситонданд.

Рӯҳаш шод ва ёдаш гиромӣ бод!

Сиддиқи Акбар

general.images