Обрӯрезии ҳукумати Тоҷикистон тавассути Фирдавс Холиқов дар Эрон

Иқдоми аблаҳонаи Фирдавсако ҳукумати Тоҷикистонро дар бунбасте қарор дод, ки маҷбур шуд шикасти худ дар Эронро бипазирад ва дипломатҳои ихроҷшудаашро аз вазифаи дипломатӣ барканор карда, сафирро низ иваз кунад

Фирдавс Холиқов, корманди кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд ва ба унвони дипломат дар сафорати ҶТ дар Миср кор мекард. Ҳукумати ҶТ баъд аз инки қарор баровард ҳамаи донишҷӯёне, ки дар кишварҳои исломӣ мехонанд, ба ҳар тариқе ки бошад бояд ба ватан баргардонда шаванд, Фирдавс Холиқов аз тариқи тарсондани чанд донишҷӯи содалавҳу буздиле дар Миср ва ё таҳти фишор қарор додани волидайнашон ва таҳдид ба зиндонӣ, шиканҷа ва аҳёнан таҷовуз ба наздикони онҳо гӯё тавонист ду се нафарро ба Тоҷикистон баргардонад.

Ин муваффақият ӯро мағрур сохт ва хиёл кард, ки дар ҳамаи корҳояш муваффақ мешавад. Аз ҳамин сабаб дар КДАМ иртиқои дараҷа гирифт ва қасамҳо хӯрд, ки дар баргардондани ҳамаи донишҷӯён, ба хусус аз Ҷумҳурии Исломии Эрон он ҳам дар муддати ҳадди аксар ду се моҳ ин бор низ муваффақона амал кунад, аммо ғофил аз инки “шутур дар хоб бинад, панбадона!”.

Баъд аз инки Фирдавсако Холиқов ба унвони дипломат ба сафорати ҶТ дар ҶИЭ рафт, фишорҳо бар хонаводаи донишҷӯёни тоҷики шаҳри Қум фаровон шуд. Аз КДАМ, ВКД, ВКХ, домкомҳо ва пулиси маҳалла ба хонаи донишҷӯ мерафтанд баъд аз ҳақоратборону дашномҳо даст ба таҳдидҳои ваҳшатнок мезаданд. Ҳукумати Тоҷикистон ки дар баргардондани донишҷӯёни тоҷики муҳассил дар Қум оҷиз монда буд ва ҳамаро аз дигар кишварҳо ва ҳатто Зоҳидон баргардонда буд, аз ин шикаст сархӯрдаю хиҷил шуда буд. Шабу рӯз мақомоти амниятӣ ва КДАМ аз чапу рост ва мақомоти болотар ҳақорат мешуниданду таҳқир мешуданд.

Қарор буд, Фирдавсако - “ҷентелмени муваффақ” бо иртиқои дараҷае ки аз ҳукумати Тоҷикистон гирифта буд, обрӯи КДАМ-ро бихарад ва нагузорад, ки амниятиҳо дигар ҳақорати модару хоҳар шунаванду сарзаниш шаванд.

Фирдавсако - “рӯбоҳи маккор” бо ҷосусони Тоҷикистон, ки худро ба унвони донишҷӯй дар даруни донишҷӯйҳо ҷо зада буданд, доим дар тамос буд. Рӯзи панҷшанбе, 26 апрели 2018 дар мадрасаи имом Мусои Козими Қум ҳамоише ба номи “чаҳордаҳумин ҳамоиши байналмилалии дуктурини маҳдавият” баргузор шуд, ки дар он аз 17 кишвари ҷаҳон аз ҷумла сафири Тоҷикистон ва 10 сафири кишварҳои дигар дар Эрон иштирок карданд.

Фирдавсако – “аблаҳу бехирад“ мобайни ҷаласа ва дуруст дар замони истироҳати ҳамоиш, аз маҳалли баргузории ҳамоиш берун омада, бо мошини тамғаи сиёсии сафорат ба маҳаллае ба номи “Парки Алавӣ” рафта бо тане чанд аз донишҷӯёни Қум мулоқот доштааст. Дар ин мулоқот буд, ки амнияти Эрон бо дидани рақами сиёсӣ аз моликони он иҷозатномаи ҳузур дар берун аз маҳалли ҳамоишро дархост кардааст. Аммо Фирдавсакои беақл ки дигар натавонистааст баҳонае барои ҳузури худ дар берун аз ҳамоиш ёбад, дастгир шуд ва баъд аз чанд рӯз аз Эрон бо беобрӯгӣ ихроҷ шуд.

Иқдоми аблаҳонаи Фирдавсако ҳукумати Тоҷикистонро дар бунбасте қарор дод, ки Тоҷикистон маҷбур шуд шикасти худ дар Эронро бипазирад ва дипломатҳои ихроҷшудаашро аз вазифаи дипломатӣ барканор карда, сафирро низ иваз кунад ва баъд аз чанд муддат сафири дигаре ба Эрон бифиристад.

Аблаҳии Фирдавс Холиқов чунон ошкор шуд, ки ҳукумат низ дигар аз ӯ дар ҳеҷ ҷое истифода намекунад ва ӯ баъд аз шикасташ дар Эрон ва латмааш ба обрӯи ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи вазифаҳои дипломатӣ маҳрум шуда, дар гумномӣ ба сар мебарад.

Манбаъ: беноме аз Русия фиристодааст.

Сиддиқи Акбар

general.images