Ноуҳдабароии Э.Раҳмон, бесаводии мансабдорон ва серинопазирии “оила” тоҷиконро бадбахт кардааст!

Шакке нест, ки ҳамаи аҳолии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро хуб мешиносанд ва ҳамаи чизро дар борааш медонанд. Чун ӯ касе аст, ки муддати 27 сол аст, ки худро ба мардум таҳмил карда, монанди саги ҳор, ки барои устухон инсонро медарад, ба ҳар касе, ки қасди курсии президентӣ карда, номзадиашро ба раёсатҷумҳурӣ монданӣ бошад, нобудаш мекунад, то худ бар президентӣ боқӣ монад.

Эмомалӣ Раҳмон инсоне, нолоиқ ва ба истилоҳ ноуҳдабаро аст; яъне аз уҳдаи кор, вазифа, масъулият ва идораи Тоҷикистон намебарояд. Барои ҳамин дар давраи раёсати ӯ мусибатҳо, ранҷҳо, азобҳо ва бадбахтиҳои аҳолии Тоҷикистон зиёд гашта аст.

Ӯ касе аст, ки Тоҷикистонро ба камбизоаттарин ва қашоқтарин кишвари дунё табдил кард. Барои ҳамин ба ӯ бояд медал дод, аммо на, медали ифтихор ва қаҳрамони миллӣ, балки медали ноуҳдабаротарин президенти дунё ва пастзанандатарин мансабдори олам, ки ҳамеша шаҳрвандони худро паст зада, дар ҷаҳон ба бадномӣ муаррифӣ менамояд!

Маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон шахси бенанг, беномус, беобрӯ ва нокоромад аст. Шумо бубинед, дар дигар кишварҳо агар як вазир ё як соҳибмансаб аз уҳдаи масъулияташ набарояд, аз шармандагӣ аз мардум узр хоста истеъфо медиҳад. Дар Кореяи Ҷанубӣ нахуствазир Ли Ван Гу ба хотири ғарқ шудани киштӣ ва ноуҳдабароии ӯ аз вазифаааш истеъфо дод.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз як буҳрон эҷод мекунад, ҳар рӯз даҳҳо муҳоҷири кории тоҷикро дар Русия ба таври фоҷеабор мекушанд, беш аз ду миллион аҳолии Тоҷикистон аз бекорӣ дар Тоҷикистон аз зану фарзанду падару модари худ ҷудо шуда бо сарнавишти номаълум ба Русия барои як луқма нон меравад ва ҳазорон мушкилии дигаре, ки агар ба ҷои Эмомалӣ Раҳмон як инсони арзанду лоиқе мебуд, бо ин ҳолат ҳазорон бор мемурд, аммо Эмомалӣ Раҳмон чунон беор аст, ки бар рӯяш пусти хук кашида бешармона ба поймоли ҳуқуқи шаҳрвандон давом медиҳад.

Шакке нест, ки Эмомалӣ Раҳмон инсони нолоиқ, беномус, нокоромад ва ноуҳдабаро аст. Аммо илова бар ин ҳама пастӣ, ӯ изо накашида, қудо, писар, духтар, домод, арус, додарарус, набера ва хулоса ҳамаи решаи пусидаи оилаашро ки, на савод доранд - монанди Рустами гунги герчик, ки ҳатто суҳбат кардан ҳам наметавонад - ба мансабҳои калидии Тоҷикистон шинондааст, ки бар бечорагӣ ва бадбахтию оворагии аҳолии Тоҷиикстон афзуда, ба гуфтаи “Пажӯҳишгоҳи Тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон” 70 % аҳолии Тоҷикистонро Русия мехӯронад.

Дар бесаводии соҳибмансабони Тоҷикистон ҳамин бас, ки шахсе монанди Бег Сабур ва Нуриддини Саид ба унвони вазири алоқа ва вазири маориф ва илми ҶТ ҳастанд, ки мусоҳибаи ҳар дуи инҳоро худатон дар видеороликҳо дидаед ва эҳтиёҷе ба шарҳи он аст!

Дар сернашавии “оила” ҳамин бас, ки Рустами гунги “герчик” бе инки хизмати аскарӣ карда бошад бе ягон заҳмат ба мақоми генералӣ, раиси кулли гумрук ва шаҳрдории Душанбе расид ва Сомони Эмомалӣ, ки ҳатто донишгоҳро хатм накарда, ба истилоҳ "А-ро аз Б фарқ намекунад", ҷонишини мудири корхонаи "Талко Кабел" шудааст.

Хулоса, ноуҳдабароии Эмомалӣ Раҳмон, бесаводии мансабдорон ва сернашавии “оила” -аждаҳои ҳафтсар- тоҷиконро бадбахт кард!

Сиддиқи Акбар

general.images