Номи Э.Раҳмон ва С.Ятим=шайтони Иблис\ Э.Раҳмон дар гумроҳсозии мардум Иблисро ҳайрон кард!

Ҳар вақто номи Э.Раҳмон бурда мешавад, саҳнае аз ҷурму ҷинояту қатлу ғорат, зулму ситаму бераҳмию сангдилӣ, душманӣ бо миллату фарҳангу дин ҷилвагар мешавад.

Номи Эмомалӣ Раҳмон дар 25 сол шабонарӯз тариқи ВАО ба гӯши мардум бисёр хӯрдааст ва мардум ҳар вақто ин номро мешунаванд хотираҳои баду ваҳшатангезе худ ба худ ба зеҳнашон меояд.

Ҳар вақто номи Э.Раҳмон бурда мешавад, саҳнае аз ҷурму ҷинояту қатлу ғорат, саҳнае аз зулму ситаму бераҳмию сангдилӣ, саҳнае аз хабосату касофату палидию кинатӯзӣ, саҳнае аз бадбахтию қашшоқию камбағалию хорӣ, саҳнае аз душманӣ бо миллату фарҳангу дину адаб, саҳнае аз ҷанг алайҳи Худову пайғамбару Ислому Қуръон!

Дар як калом метавон гуфт номи Эмомалӣ Раҳмон баробар бо ҳамаи бадиҳои олам аст, ҳамон тавре ки номи шайтон баробар аст бо ҳамаи хабосатҳову касофатҳо. Метавон Эмомалӣ Раҳмонро баробар бо шайтон донист ва шояд ҳам ӯ аз шайтон ҳазор баробар бадтару хабистару палидтару ҳарромтар бошад; чароки шайтон якто-якто инсонҳоро гумроҳ карда, ба роҳи бад кашонда гумроҳ месозад, аммо Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятимов ҳазорон-ҳазорон инсонҳоро гумроҳ карда, аз роҳи Аллоҳи Раббул-иззат дур месозанд.

Дар ҳеҷ ҷое аз таърих тамоман омадагӣ нест, ки шайтон тавониста бошад масҷидеро бандад, азонеро манъ кунад, сатру ҳиҷоберо аз сари мусалмонзане ба зур бароварда бошад, намозхониро манъ кунад ва садҳои намоди динро маҷбуран бо истифода аз зуру қонуну полис иҷро карда бошад; чароки шайтони Иблис аз чунин коре оҷиз аст ва қудрати ин корро надорад, аммо Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим садҳо масҷиду мадрасаро табдил ба тарабхонаю рақсхона карданд, азонро манъ карда, сатру ҳиҷобро аз сари ҳазорон мусулмонзан гирифтанд; яъне кореро карданд, ки шайтон аз анҷоми он нотавону оҷиз аст ва инҳо дар воқеъ устоди шайтонанд ва шайтон аз шайтонии ин ду нафар дар ҳайрату тааҷҷуб монда аст!

Хабаргузории Восток-Нюз:Сиддиқи Акбар

general.images