Номардии режими Раҳмон нисбати фарзандони сиёсӣ

Номардии режими Раҳмон нисбати фарзандони сиёсӣ

Режими Раҳмон режими палид ва бисёр номарде аст, ки фарзандони шахси опозисиюни сиёсиро низ душман дониста, инсонҳои бегуноҳро ба кунҷи зиндон фиристодааст.

Номардӣ ва кинатӯзии Эмомалӣ Раҳмон аз даврони кӯдакӣ то калонсолиашро чанд бор тақдими хонандагон намудаем, аммо номардие ки ахиран муртакиб шудааст ва Саймумин (беҳтар аст Сайкофир)-и Ятим онро иҷро намудааст, номардтарин номардони тамоми таърихро шармсор месозад.

Бино ба рӯйхате, ки сомонаи Паёмнет ба нақл аз КШНГЗС овардааст ҳудудуи 30 нафар боздошт, шиканҷаи тоқатфарсо ва ҳабсҳои тӯлонӣ шудаанд, ки бархе аз онҳо фақат ба хотири инки падарашон, амакашон, бародарашон ва ё кадом ҳамсояаашон “хоин” будааст, ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд.

Ба унвони мисол агар ба рӯйхат нигоҳ андозед мебинед, ки масалан аз фарзандони ба истилоҳи Эмомалӣ Раҳмон ва Сайкофир Ятим “хоини ватан” шаҳид Қиёмиддини Ғозӣ ба чашм мехӯрад, ки 4 нафар аз фарзандони Эшон бо номҳои 1- Сайидмуҳаммад Ғозӣ (25 сол зиндон), 2- Сайидҳасан Ғозӣ, 3- Сайидҳусейн Ғозӣ, 4-Сайидяҳё Ғозӣ зиндон шудаанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҷурми онҳо фарзанди “хоини ватан”-(Қиёмиддин Ғозӣ) будан аст.

Оё ин номардӣ нест, ки аз як оила чаҳор акаву додари бегуноҳро фақат ба хотири инки фарзанди душмани шумост, зиндонӣ кунед?!

Ин як намуна аз ҳозорон номардии Эмомалӣ Раҳмон ва Сайкофир Ятим аст, ки нисбати шаҳрвандони бегуноҳ раво медоранд.

Ба умеди он рӯзе, ки Эмомалӣ Раҳмони нокас ва Сайкофир Ятим бедин ба сазои аъмолашон расанд ва илова бар инки дар дунё ба бадтарин вазъ гирифтор шаванд дар охират ба ҳезуми абадии дӯзахи дӯзон гирифтор шаванд. Омин!

Сиддиқи Акбар

general.images