Номаи эътирозии волидони донишомӯзони ҳиҷобпуш аз ҳиҷобситезии мақомоти маҳаллӣ

Теъдоде аз мусалмонони сокини шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон дар як иқдоми эътирозӣ нисбат ба ҳиҷобситезии мақомот, аз раиси ҷумҳурии ин кишвар дархости кӯмак кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Фарғона, теъдоде аз мусалмонони сокини шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон дар як иқдоми эътирозӣ нисбат ба ҳиҷобситезии мақомот, аз раиси ҷумҳурии ин кишвар дархости кӯмак кардаанд.Намояндагони ин бахш аз ҷомеаи Қазоқистон бо ирсоли номаи шикоятӣ аз Нурсултон Назарбоев ва дигар мақомоти олии ин кишвар хостаанд ба мушкили бархурди мақомоти маҳаллӣ бо духтарони боҳиҷоб расидагӣ кунанд.Имзокунандагон ин нома гуфтаанд, дар вақтҳои охир мудирони мактабҳо ба ҳар шакле мехоҳанд монеи ҳузури донишомӯзони боҳиҷоб дар мактабҳо шаванд.Аз ҷумлаи иқдомот муаллимон ва мудирони мактабҳо баргузории барномаҳои таблиғотӣ бо ҳузури волидайн аст, ки дар ин барномаҳо аз онон хоста мешавад фарзандонашонро аз пӯшидани ҳиҷоби исломӣ боздоранд.Волидайни мусалмон изҳор доштаанд, ин моҷаро боиси норизоятии онҳо шуда ва мумкин аст барои расидагӣ ба шикоёт пойи афрод ба додгоҳҳо кашида шавад.Хонаводаҳои донишомӯзони боҳиҷоб изҳор доштаанд, иқдоми мақомоти маориф дар тазод бо банди 14-и қонуни асосии Қазоқистон аст.

general.images