Номае саргушодаи сокинони рустоҳои тоҷикнишини Тошканд ба Раҳмон ва Мирзиёев

Беш аз 100 сокини рустоҳои тоҷикнишини вилояти Тошканд дар ин нома дархост карданд, ки масъалаи камбуди омӯзгорони маҳаллӣ дар сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон матраҳ шавад .

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, сокинони рустоҳои тоҷикнишини вилояти Тошканди Узбакистон дар номае саргушода ба раисҷумҳури ин кишвар ва ҳамтои тоҷикаш расидагӣ ба мушкили камбуди муаллим дар мадрисаҳои ин минтақаро хостор шуданд. Беш аз 100 сокини рустоҳои тоҷикнишини вилояти Тошканд дар ин нома дархост карданд, ки масъалаи камбуди омӯзгорони маҳаллӣ дар сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон матраҳ шавад .Сокинони рустоҳои тоҷикнишини ин минтақа ҳушдор додаанд, ки дар сурати нарасидани кумак эҳтимол дорад, ки теъдоде аз мадрасаҳои тоҷикии ин вилоят аз фаъолият боз монад.Мушкили камбуди омӯзгор барои мадрасаҳои узбакӣ дар Тоҷикистон ва мадрасаҳои тоҷикӣ дар Узбакистон баъд аз фурупошии Шӯравӣ ва мустақил шудани ҳар ду кишвар ба вуҷуд омад .Талоши мақомоти расмии Тошканду Душанбе дар заминаи омӯзишу омодасозии мутахассисон барои ин мактабҳо ҳануз натавониста мушкилро ба таври комил ҳал кунад.

general.images